Зиёда аз 500 нафар кормандони муассисаҳои табобатӣ-профилактикии мамлакат аз омӯзиш оид ба идоракунии партовҳои тиббӣ дар давраи пандемияи COVID-19 гузаштанд

Зиёда аз 500 нафар кормандони муассисаҳои табобатӣ-профилактикии мамлакат аз омӯзиш оид ба идоракунии партовҳои тиббӣ дар давраи пандемияи COVID-19 гузаштанд
Июн 01
14:15 2021

Ташкилоти ҷамъиятии «Пешсаф» бо мусоидати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии молиявии Барномаи рушди СММ силсилаи семинарҳои омӯзиширо оид ба идоракунии самараноки партовҳои тиббӣ байни 535 намояндагони муассисаҳои тиббӣ (аз ҷумла 77 табиб, 233 ҳамшираи шафқат, 225 намояндаи кормандони хурди тиббӣ) ба анҷом расонид.

Семинарҳои мазкур аз 8 то 24 апрели соли 2021 дар 15 муассисаи табобатӣ-профилактикии пилотӣ дар шаҳри Душанбе, инчунин, беморхонаҳои вилоятӣ ва ноҳиявии Файзобод, Ҳисор, Ваҳдат, Варзоб, Турсунзода, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Бохтар, Кӯлоб ва Данғара баргузор карда шуданд.

Мақсади асосии гузаронидани семинарҳои мазкур ин баланд намудани зарфияти кормандони соҳаи тандурустӣ дар соҳаи ҷудо намудан, ҷамъоварӣ кардан, ҳамлу нақли партовҳои тиббӣ, махсусан онҳое, ки бо технологияҳои безараркунонии партовҳои тиббӣ ва таъсири онҳо ба муҳити атроф ва солимии инсон сару кор доранд, мебошад.

Маводи тренинги омӯзишӣ аз ҷониби коршиносони СУТ ва БРСММ омода карда шуданд, ки онҳоро гурӯҳи коршиносони баландихтисоси миллии ташкилоти ҷамъиятии «Пешсаф» гузарониданд, ки дар рафти он масъалаҳои хавҳо ҳангоми муносибат намудан бо партовҳои хатарноки тиббӣ, қоида ва меъёрҳои санитарӣ (ҚМС), таҷрибаи ҷудо намудани партовҳои тиббӣ аз рӯи намуд ва безарар намудани онҳо, идора намудани партовҳои хатарнок дар давраи COVID-19 таҳлил ва баррасӣ карда шуданд.

Тамоми иштирокчиёни семинарҳо маводҳои иттилоотиро оид ба гурӯҳбандии партовҳои тиббӣ (А, Б, В ва Г), инчунин Дастурамали байналмилалии СУТ ва ЮНИСЕФ «Обтаъминкунӣ, санитария, гигиена ва безараркунонии партовҳо вобаста ба паҳншавии вируси ТОРС-КоВ-2, ки ангезандаи COVID-19»-ро мебошад, ба даст оварданд.

Қайд намудан муҳим аст, ки зиёда аз 80% иштирокчиён занон буданд. Луъбат Шарипова, ҳамшираи калони тиббии Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе мегӯяд: «Семинари мазкур ба ман имкон дод то хатари воқеъии партовҳои тиббиро на танҳо ба саломатӣ, балки барои табиати мо дарк намоям. Чӣ тавре маълум гардид, партовҳо дар давраи пандемияи COVID-19 чунин партовҳо мебошанд, мисли дар давраи оддии ҳаёти мо. Баръакс, сӯзонидани ин партовҳо дар ҳавои кушод бидуни автоклавкунонӣ, бидуни техникаи дахлдори инсинератсия метавонад ба оқибатҳои ҷиддитар оварда расонад.

Семинарҳо дар доираи лоиҳаи БРСММ «Бартараф намудани хатарҳои экологии COVID-19 тавассути беҳтар намудани идоракунии партовҳои тиббӣ дар Тоҷикистон» ташкил карда шуда буданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 672
  • 1,242
  • 949,692