Ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии коронавирус

Ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии коронавирус
Апрел 29
12:02 2020

Таҳти раёсати Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода ҷаласаи навбатии Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси нави «Covid-19» баргузор гардид.

Дар ҷаласа муҳтавои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси нави «Covid-19», ки дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода сурат гирифт, ба самъи аъзои Ситоди шаҳрӣ расонида шуд.
Таъкид гардид, ки бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шурӯъ аз рӯзи 27-уми апрел то 10-уми майи соли 2020 муваққатан таътил эълон карда шуд.

Ҳамчунин тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус бо назардошти вазъияти мураккаби иқтисодию иҷтимоӣ дар ҷаҳон ва бо мақсади таҳкими амнияти озуқаворию таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти ватанӣ аз таърихи 25-уми апрели соли 2020 муваққатан аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар содирот кардани ҳама гуна маҳсулоти ғалладонагию лубиёгиҳо, аз қабили орду гандум, шолӣ, биринҷ, наск, нахӯду мош, тухми паранда, картошка ва ҳама намуди гӯшт манъ гардид.

Дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ҳамчунин дар тамоми қаламрави мамлакат муваққатан ташкил ва гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ, аз қабили машварату ҳамоишҳо, чорабиниҳои варзишӣ, намоишҳои кино ва театр манъ карда шуд.

Вобаста ба вазъи тадбирандешиҳо оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ дар қаламрави шаҳру деҳоти Исфара ахбороти сардухтури беморхонаи марказӣ Тайибиддин Муҳамедов, сардухтури МНДСЭ-и шаҳр Муҳиддин Назаров ва сардухтури Маркази саломатӣ Тӯраев шунида шуд.

Раиси шаҳри Исфара, раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси нави «Covid-19» Акрам Сулаймонзода зимни вазифагузорӣ ба масъулини дахлдор аз ҷумла таъкид дошт, ки ин ҳама тадбирҳо баҳри пешгирии бемории сироятӣ роҳандозӣ гардида, масъулин бояд ҷиҳати корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ, назорати кӯдакону наврасон зимни таътил, бидуни зарурат ба кӯча набаромадани калонсолон тадбирҳо андешанд.

Таъкид гардид, ки кори бомароми бозорҳо бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ зери назорат гирифта шуда, тадбирҳои безараргардонӣ дар муассисаҳои таълимӣ, корхонаву муассисаҳо ва кӯчаву хиёбонҳо вусъат бахшида шавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 912
  • 1,236
  • 881,221