Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз нуқтаи гирифтани ташхиси бемории коронавирус дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дидан намуд

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз нуқтаи гирифтани ташхиси бемории коронавирус дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дидан намуд
Феврал 02
16:39 2021

Бо назардошти он, ки  “штамми британиягӣ”-и бемории коронавирус дар як қатор кишварҳои олам ба қайд гирифта шудааст, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута ҷиҳати пешгирӣ аз  интиқоли ин навъи сироят ба мамлакат тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст.

Бо ин  мақсад имрӯз, 2 феврали соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳрурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо нуқтаи гирифтани ташхиси бемории коронавируси нави COVID-19-и фурудгоҳи мазкур шинос гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар нуқтаи гирифтани ташхиси бемории коронавирус дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҷиҳати муайян намудани бемории сироятии коронавируси нави COVID-19, махсусан, “штамми британиягӣ”-и  коронавирус тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст, ки табибон дар он ба таври шабонарӯзӣ фаъолият бурда истодаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар дигар фурудгоҳҳои кишвар низ чунин нуқтаҳои гирифтани ташхиси бемории коронавирус фаъолият намуда истодаанд, ки ҳар ҳар нафаре аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид  мегардад, аз муоинаи табибон  гузаронида мешавад.

Ҳамзамон, дар гузаргоҳҳои сарҳадии кишвар низ нуқтаҳои гирифтани ташхиси бемории коронавирус ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд, ки ҳар нафари ба Тоҷикистон воридшуда аз ташхис гузаронида мешаванд.

Бо вуҷуди он, ки аз оғози моҳи январи соли равон дар кишвар бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута дар самти пешгирӣ ва табобати бемории мазкур тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона сохта истодааст.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 815
  • 1,151
  • 886,191