«Раҳмат ба табибон барои наҷоти мардум»-таҳти чунин унвон дар Кӯлоб аксия доир шуд

«Раҳмат ба табибон барои наҷоти мардум»-таҳти чунин унвон дар Кӯлоб аксия доир шуд
Май 27
10:49 2020

Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин шаҳр  таҳти унвони “Раҳмат ба табибон барои наҷоти мардум” аксия ташкил намуданд. Дар назди беморхонаи сироятии шаҳр кормандони шабакаҳои барқӣ ва Ҳизби Халқии Демократ Тоҷикистон бо шиору навиштаҷот бо ҳам омада, ба табибон барои заҳматҳои шабонарӯзӣ дар табобати беморон миннатдорӣ изҳор карданд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки роҳбарияти давлат ва тамоми мардуми Тоҷикистон барои мубориза бар зидди бемории сироятии каронавируси КОВИД- 19 муттаҳид шуда, дар ин роҳ ба табибони ҳозиқ ҳамаҷониба кумак менамоянд.

Тавре  корманди шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб  Баҳриддин Маҳмудов иброз дошт, “онҳо тасмим гирифтаанд, ки барои хизматрасонии шабонарӯзии табибон  дар якҷоягӣ бо кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр аксия ташкил карда, ба табибон кумак расонанд. Мо ҳамеша дастгири табибон ҳастем ва дар оянда низ кумаки худро ба онҳо мерасонем. Зеро онҳо шабонарӯзӣ заҳмат кашида,  беморонро аз ин бемории сироятӣ наҷот медиҳанд”.

Дар беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб 140 нафар беморон ба табобат фаро гирифта шуда, пас аз шифо ёфтан аксарияти онҳо ба хонаҳояшон рухсат шуданд. Ҳоло 36 нафар беморон  табобат мегиранд, ки саломатиашон хуб аст. Роҳбарияти шабакаҳои барқӣ ва кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иброз намуданд, ки минбаъд низ табибонро аз ҷиҳати моддию маънавӣ дастгирӣ хоҳанд кард.

Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб ба 20 нафар кормандони беморхона дар ҳаҷми 250 сомонӣ кумаки пулӣ расонид. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик ҳамин гуна кумакҳо ба дигар табибон низ расонида шаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Феврал 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜன    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
26272829  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 455
  • 1,242
  • 817,736