Зиҳӣ, табибони миллат!

Зиҳӣ, табибони миллат!
Май 14
13:33 2020

 

(АКС аз манбаъҳои дастрас)

Имрӯзҳо бо паҳн гардидани вируси ҳамагири КОВИД-19 ҷаҳон дар ҳолати бӯҳрони шадид қарор гирифтааст. Ҳолати ба амаломада вазъияти сайёраро ба замони ҷангҳои ҷаҳонӣ монанд намудааст. Агар дар ҷангҳои харобиовар сабозону низомиён бо силоҳу афзорҳои ҳарбӣ меҷангиданд, ҳоло дар “ҷанг” бо КОВИД-19 дар сафи аввали мубориза кормандони соҳаи тандурустӣ, яъне духтурон бо давою дармон меистанд.

Дар ҳақиқат, табибон ва ҳамшираҳое, ки имрӯз дар роҳи наҷоти ҷони инсонҳо ҳаёти худро зери хатар гузошта мубориза бурда истодаанд, қаҳрамонони замонаанд. Қаҳрамонии онҳо дар ин зоҳир мешавад, ки аз бари оила ва фарзандону пайвандони хеш дур,  шабонарӯз, бетанаффус баҳри хидмати халқ камар бастаанд. Онҳо дар майдони мубориза ягона умеди халқанд ва мардум низ ба пирӯзии зудраси онҳо ба ин вабои аср боварӣ доранд.

Вируси нави КОВИД-19 ба кишвари мо аз ҳама дер расида бошад ҳам, то ин замон аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат чораҳои эҳтиётӣ ва зарурии муассир андешида шуда буд. Ҳамин буд, ки бо расидани қадами номубораки ин вабо табибони ҳозиқи тоҷик дарҳол аз пайи давою дармони гирифторон гардиданд.

Айни замон, ки вируси ҳамагир дар тамоми қаламрави кишвар паҳн гардидааст, аз ҳамин сабаб табибон дар марҳилаи ҳассоси мубориза қарор доранд. Дар ин марҳила моро зарур аст, ки бештар аз пештар дастгирии моддию маънавии хешро нисбат ба табибон дареғ надорем ва онҳоро ҳамчун “сарбозони ҷонфидои ҷабҳаи мубориза” ҳамаҷониба кумак намоем.

Қадр намудани хидмати қаҳрамононаи табибон дар ин вазъият нишон аз инсонпарварӣ, ватандӯстӣ ва ҳамрадиф будан бо онҳо мебошад. Ҳоло ҳазорон нафар табибоне, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар фаъолият бурда истодаанд, мақсаду маром доранд, ки пирӯзии ҳарчӣ зудтар бар вирус таъмин гардад, ҷони инсонҳо аз хатар наҷот ёбад ва мардум дубора ба ҳаёти муқаррарӣ баргарданд.

Дар ноҳияи Рӯдакӣ низ чун дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар мубориза бо ин вабои аср идома дорад. Ҳоло дар ин ноҳия 401 нафар кормандони тиб ва 1161 нафар ҳамшираҳои шафқат бо роҳбарии сартабиби ноҳия Абдурасул Абдулмаҷитзода ва роҳбари КАТС – и ноҳия Пирумшоҳ Ҷалилов  дар ин рӯзҳои мушкил  дар Беморхонаи марказӣ, дар 3 беморхонаи минтақавӣ:

– Беморхонаи  минтақаи 1-и Чоряккорон;

– Беморхонаи минтақавии 2-и колхози Россия,

– Беморхонаи минтақавии 3-и Эсанбой ва дар Маркази саломатии ноҳия, дар 30  марказҳои саломатии деҳот ва 81 бунгоҳҳои тиббӣ мардонавор шабу рӯз дар майдони набарди мубориза барои ҳаёт баҳри ҳифзи саломатии мардум ҷонашонро дар хатар гузошта, ҳамчун ворисони арзандаи Сино заҳмат кашида истодаанд.

Табибонро ҳоло ҳамчун фариштаҳои сафедпӯши наҷотдиҳандаи миллат тавсиф додан бисёр бамаврид аст. Зеро ягона умеди мо ба онҳо нигаронида шудааст ва пирӯзии зудрасро аз фаъолияти онҳо чашмдор ҳастем.

Бо Шумо ифтихор дорем, табибони ҳозиқи Ватан! Худованд нигаҳбонатон бошад!

Рухшона ШОБУДДИНОВА,

 сармуҳаррири рӯзномаи “Насими айём”

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 266
  • 938
  • 876,368