Маҳсулоти растание, ки дар 5 дақиқа 97% коронавирусро нест мекунад, ёфт шуд

Маҳсулоти растание, ки дар 5 дақиқа 97% коронавирусро нест мекунад, ёфт шуд
Декабр 15
09:16 2020

Мутахассисони Институти вирусшиносии молекулавии маркази тиббии Донишгоҳи Улм маҳсулоти растаниеро кашф карданд, ки метавонад  сирояти коронавирусро то 97% пахш кунад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Sputnik хабар медиҳад, гузориши дахлдор дар сомонаи китобхонаи электронии илмии bioRxiv нашр шудааст.

Таҳқиқот нишон дод, ки масалан, шарбати меваи ғубайрои сиёҳ (черная рябина) метавонад фаъолии SARS-СoV-2-ро дар бадан 96,98% пахш кунад. Ва барои ин ҳамагӣ панҷ дақиқа вақт лозим аст.

Шарбати анор ва чойи сабз низ таъсири шадидтарини зидди вирусӣ ва зиддиилтиҳобӣ доранд — онҳо метавонанд то 80% коронавирусро нобуд кунанд.

Ин шарбат ва чой муҳити туршро ба вуҷуд меоранд ва дорои полифенолҳои растанӣ мебошанд, ки дар онҳо вирус наметавонад зинда бимонад.

Олимон зикр карданд, ки вирусҳои роҳи нафас, пеш аз ҳама, ба гулӯи одам зарба мезананд.

Бинобар ин, муҳаққиқон тавсия медиҳанд, ки беморон ҳалқ ва бинии худро бо ин маҳлулҳо бишӯянд ва ғарғара кунанд.

Қаблан, коршиносон муайян карда буданд, ки оё тавассути ғизо ба коронавирус мубтало шудан мумкин аст ё не. Ҷавоб: не.

-Эҳтимоли ба COVID-19 сироят ёфтан тавассути ғизо ба сифр наздик аст, -чунин меҳисобанд дар Роспотребнадзор. Ин ба ғизоҳои тарабхонаҳо низ дахл дорад.

Табибон мегӯянд, ки хавфи сироятёбӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бештар ба вайрон кардани чораҳои пешгирикунанда — риоя накардани фосилаи иҷтимоӣ, напӯшидани ниқоб, риоя накардани гигиена вобаста аст.

                                                                    АКСИ: Sputnik

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 788
  • 989
  • 888,142