Ҷаласаи навбатии Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси нави Covid-19

Август 11
07:26 2020

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси нави Covid-19 Маъруф Муҳаммадзода ҷаласаи навбатии ситоди мазкур баргузор гардид.

Дар ҷаласа нахуст муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода доир ба ҳолати муолиҷа ва ташхиси мубталиёни бемории короновирус дар шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод. Изҳори нигаронӣ карда шуд, ки то ҳол омилҳои сироятёбӣ бозору ҷойҳои истироҳатӣ ва тўю маъракаҳо шуда истодаанд. Бо вуҷуди муайян шудани талаботи беҳдоштӣ мутаасифона аз ҷониби шаҳрвандон гигиенаи ҷамъиятӣ риоя намешаванд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба шахсони масъул супориш дод, ки ҷиҳати роҳандозии корҳои тарғиботӣ фаъолнокӣ зоҳир намоянд. Гузаронидани рейдҳо бо ҷалби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амали саривақтӣ дониста шуд. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки то ҳол зимни бастани ақди никоҳ, ҳозиршавӣ ба тўй ва сайругашт дар боғҳои фароғатӣ бидуни ниқоб ва риоя нашудани масофа сурат мегиранд.

Сипас мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхўҷаева ҷиҳати омодагиҳои муассиаҳои таълимӣ ба соли нави хониш маълумоти муфассал дод.

Иттилоъ дода шуд, ки аз 17-уми август таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон расман оғоз мегардад аст. Соли нави хониш ва тартиби нави иштироки муҳассилонро дар мактабҳо Вазорати маориф дар ҳамоҳангӣ бо Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо COVID-19 қабул кард. Аллакай он ба тамоми мактабҳо фиристода шуд. Риоя кардани тартибҳои нав барои ҳифзи саломатии хонандагон бисёр муҳим аст.  Давомнокии дарсҳо дар муассисаи таълимӣ барои синфҳои якум 35 дақиқа барои синфҳои 2-11 на зиёда аз 45 дақиқаро ташкил медиҳад.

Раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси нави Covid-19 Маъруф Муҳаммадзода зимни баррасии масъалаи мазкур таъкид дошт, ки мактабҳо пеш аз ҳама бояд бо маҳлулҳои беҳдоштӣ ва собун таъмин шаванд ва оби тоза дошта бошанд. Фосилаи ҷисмонӣ риоя карда шавад. Баҳри бонизом дохил ва хориҷ шудан аз мактаб хатҳои уфуқӣ кашида шаванд. Машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, суруд ва мусиқӣ ва омодагии ибтидоии ҳарбӣ мувофиқи имкон берун аз синфхонаҳо ҷараён гирад ва бештар толорҳои варзишӣ, маҷлисгоҳ ва иншооти дигари ёрирасон муваққатан ҳамчун синфхонаи таълимӣ истифода шавад. Синфхонаҳо ҳамарўза безараргардонӣ карда шаванд.

Сипас Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҷараёни корҳои пешгирӣ аз паҳншавӣ ва раванди муолиҷа бемории коронавируси нави Covid-19 ҷалб намуда, ҷиҳати баррасии мушкилоти ба миён омада аз соҳаҳои дахлдор пурсиш ба миён овард. Бахусус ҷоннок намудани фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ зарур дониста шуд.

Шаҳрдор ҷиҳати ҷоннок намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо ҷалби кормандони соҳаи маориф, фарҳанг, ҷавонон, ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, занон, маҳаллаҳо бо якҷоягии духтурони оилавӣ муҳим арзёбӣ намуда, зикр дошт, ки корҳои ташриф ба хона ва ошкорнамоии нишонаҳои бемориро бештар роҳандозӣ намоянд.

Ба вазифагузориҳои дигар ба кори ҷаласа ҳуни анҷом бахшида шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 850
  • 989
  • 888,204