Рӯзҳои 24 ва 25-уми июни соли равон дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ”-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии техникии Механизми глобалии маблағгузорӣ (МГМ) ва Бонки ҷаҳонӣ семинари дурӯзаи техникӣ бомуваффақият баргузор гашт, ки он ба масъалаҳои мониторинги Нақшаи амал барои солҳои 2024–2026 ҷиҳати татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бахшида шуда буд.

Дар чорабинӣ муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, намояндагони вазоратҳои молия, маориф ва илми кишвар, намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, шарикони рушд, намояндагони муассисаҳои марбута ва мутахассисони техникӣ иштирок намуданд.
Семинари мазкур намояндагони муассисаҳои асосии миллӣ, мутахассисони техникӣ ва шарикони байналмилалии рушдро ҷамъ овард. Иштирокчиёни чорабинӣ лоиҳаи чаҳорчӯбаи низоми мониторингро баррасӣ ва мувофиқа намуда, инчунин нақшаҳо ва муҳлатҳои марбут ба ҷамъоварӣ, таҳлил ва пешниҳоди ҳисоботҳоро оид ба чор самти афзалиятноки нақшаи амал: кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, маблағгузории устувори соҳаи тандурустӣ, захираҳои инсонӣ дар соҳаи тандурустӣ ва низомҳои иттилоотии идоракунии тандурустӣ ва тандурустии рақамиро тасдиқ карданд.
Ҳамин тавр, дар ҷараёни семинар перомуни 77 варақаҳои иттилоотии нишондиҳандаҳо мувофиқа ба даст омад, ки дар он тафсири нишондиҳандаҳо, манбаъҳои маълумот, усулҳои санҷиш ва имкониятҳои ҷамъоварии иттилоот дақиқ карда шаванд. Шарикони рушд ҳамчунин механизмҳои амалии пайгирӣ намудани татбиқи ҳам чорабиниҳои давлатӣ ва ҳам чорабиниҳои аз ҷониби шарикон дастгирӣ шавандаро мувофиқа намуда, ҳамзамон чаҳорчӯбаи мониторинги пешниҳодшударо бо нишон додани марҳилаҳо ва тақсимоти нақшҳои ҳамоҳангсозӣ тасдиқ намуданд.
Тавре зикр гардид, Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2024–2026 заминаи асосӣ барои татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ба шумор меравад. Ҷорӣ намудани низоми мониторинг ва арзёбӣ барои таъмини шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва самаранокӣ дар расидан ба афзалиятҳои калидии соҳаи тандурустӣ мусоидат хоҳад кард.
Гурӯҳи таҳлили тандурустӣ, ки дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад, дар таҳия ва такмили ин чаҳорчӯба нақши муҳими методологӣ ва ҳамоҳангсозиро иҷро менамояд. Ин гурӯҳ ҳамоҳангсозии ҳуҷҷатҳои техникӣ, таҳияи маводҳои таҳлилӣ, таърифи индикаторҳои асосӣ ва омодасозии маълумотҳоро барои ҷаласаҳои корӣ таъмин менамояд.
Ба шарикони байналмилалӣ бахши алоҳидаи семинар ҷудо карда шуд, ки дар он мувофиқа кардани таҷрибаҳои ҳисоботдиҳӣ бо низомҳои миллӣ, баланд бардоштани шаффофият ва инъикоси саҳми шарикон дар ислоҳоти соҳа мавриди муҳокима қарор гирифт.
Қадами минбаъда-ин анҷоми таҳияи чаҳорчӯбаи мониторинг ва арзёбӣ аз ҷониби Гурӯҳи таҳлили тандурустӣ бо дастгирии Механизми глобалии маблағгузорӣ буда, пас аз он ҷамъоварии маълумот дар давоми соли оянда шурӯъ мешавад.
Пешбинӣ шудааст, ки натиҷаҳои аввал дар рафти ҷаласаи навбатии татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” муаррифӣ гарданд. Талошҳои муштараке, ки дар доираи семинар анҷом дода шуданд, ҳамчун як қадами муҳим дар таҳкими иқтидори миллӣ барои пайгирии пешрафт дар самти расидан ба Фарогирии умумии хизматрасонии тандурустӣ ба ҳисоб мераванд.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон устувории уҳдадории худро нисбат ба таъмини хизматрасониҳои босифат, дастрас ва устувори тиббӣ нишон медиҳад, ки он дар асоси маълумоти воқеӣ ва бо иштироки васеи ҷонибҳои манфиатдор роҳандозӣ мешавад.