Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ, номгўи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба миқдори 180 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 95 воҳид муқаррар карда шавад.
Ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иҷозат дода шавад, ки ду муовини сардор, аз ҷумла як муовини якум дошта бошад.
Ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 7 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ 3 адад муқаррар карда шавад.
Маблағгузории дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ташкилотҳои системаи он аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсус дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 186 “Дар бораи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ”, аз 1 октябри соли 2008, № 483 “Дар бораи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ” ва аз 29 декабри соли 2012, № 776 “Дар бораи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ” аз эътибор соқит дониста шаванд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати ду моҳ санадҳои ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мувофиқ намояд.
Қарори мазкур аз 1 январи соли 2018 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 декабри соли 2017 № 597

ш.Душанбе

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 13 январи соли 2018 №17
ш. Душанбе

Дар бораи Сардори Хадамоти назорати давлатии
тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ
ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Бекмуродзода С.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Бекмуродзода Султон Бекмурод Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар ҶДММ «Шифобахши Аср»-ро ба истифода доданд

Рӯзи касбии кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муборак!

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории саратон конфронси илмию амалӣ доир гашт

Ҷаласаи корӣ оид ба натиҷагирӣ аз гардиши шабонаи роҳбарияти вазорат ва масъулини соҳа дар муассисаҳои тандурустӣ

Рӯзи Модар муборак!

Мо метавонем силро мағлуб кунем!-мусоҳиба бо профессор Октам Бобохоҷаев

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram