Муроҷиат ба вазир

АБДУЛЛОЗОДА Ҷамолиддин  Абдулло 

9-уми декабри соли 1966 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Баъд аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, онро  соли 1989 онро хатм намудааст.

Аз соли 1989 то соли 1990  ба ҳайси   интернаи Беморхонаи клиникии шаҳрии №5-и шаҳри Душанбе  фаъолият намудааст.

Аз соли 1991 то соли 1992 дар вазифаи табиб-ҷарроҳи Дармонгоҳи шаҳрии №7-и назди Маркази тиббии шаҳрии шаҳри Душанбе кор кардааст.

Солҳои 1992-1998    ҳамчун табиб- ординатори  шӯъбаи ҷарроҳӣ дар Беморхонаи клиникии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе фаъолияти меҳнатӣ намудааст.

Солҳои 1998-2008   дар вазифаи мудири шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи  клиникии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе ва солҳои 2008-2014 ҳамчун сартабиби Беморхонаи клиникии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе  адои вазифа намудааст.

Солҳои 2002-2004 ба ҳайси ассисент, баъдан дотсенти кафедраи “Ҷарроҳии умумии №2”-и Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, солҳои 2008-2014 ҳамчун профессори кафедраи мазкур, инчунин  ба ҳайси мудири кафедраи “Ҷарроҳии умумии №2”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият кардааст.

Аз моҳи марти соли 2014  дар вазифаи сартабиби Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ   кор кардааст.

Унвони илмӣ: доктори илмҳои тиб, профессор.

Бо Медали Шафқат (соли 2009), Унвони фахрии Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2015) сарфароз гардонида шудааст.

Аз 17-уми марти соли 2017 то 5 майи соли 2020 дар вазифаи Директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” фаъолият намудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 майи соли 2020 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.

Ҳамватанони азиз!

          Агар ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон савол доред, онро ба суроғаи зерин ирсол намоед. Номаи шумо ҳатман мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Маркази саломатии бисёрсоҳаро мавриди истифода қарор доданд
Вохурӣ бо Директори генералии ТУТ Тедрос Адханом Гебрейесус ва иштирок дар ҷаласаи сатҳи баланд
Чаро мардон бештар ба бемории сил гирифтор мешаванд?
Ҷамъбасти 6-моҳаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон
Дар шаҳри Турсунзода Маркази ташхисию табобатии Ҳафиза мавриди истифода қарор гирифт
Дания: баимзорасонии Стратегияи ҳамкорӣ бо ТУТ ва табрикоти Ҳанс Клюге барои нашри мақола аз ҷониби Ҷамолиддин Абдуллозода дар маҷаллаи бонуфузи “BioMed Central”
Search