Июн 02
06:26
2020
1 июни соли равон 52 дастгоҳи пирометрие, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон ворид гардида буданд, ба як қатор вазорату идораҳо ва муассисаҳои мамлакат тақсим карда шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории КОВИД-19 айни замон дар анборҳои махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавод ва таҷҳизоти тиббии лозима захира карда шуда, онҳо тибқи талабот ба муассисаҳои тиббии мамлакат дастрас карда мешаванд.