14 ноябр-Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо диабети қанд: Гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон бо инсулин ва воситаҳои инсулингузаронии ройгон таъмин мебошанд

14 ноябр-Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо диабети қанд: Гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон бо инсулин  ва воситаҳои инсулингузаронии ройгон таъмин мебошанд
Ноябр 14
15:04 2022

14 ноябр-Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо диабети қанд (World Diabetes Day) ва кашфи инсулин яке аз кашфиётҳои барҷастатарини асри ХХ ба шумор меравад, ки ҳамасола 14 ноябр қайд карда мешавад. Санаи мазкур соли 1991 аз ҷониби Федератсияи байналмилалии диабет (International Diabetes Federation, IDF) ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (World Health Organization) дар ҷавоб ба таҳдиди афзоиши бемории диабети қанд дар саросари ҷаҳон ҷорӣ карда шудааст.

Аз соли 2007 Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо диабети қанд таҳти ҳимояи Созмони Милали Муттаҳид (Қатъномаи A/RES/61/225) гузаронида мешавад. Дар ҳуҷҷати мазкур “зарурати ногузири идома додани кӯшишҳои бисёрҷониба оид ба ҳифз ва мустаҳкам намудани саломатии инсон ва таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои табобатӣ ва маърифати тиббӣ” эътироф карда мешавад. Ҳоло ин як маъракаи бузургтарин дар ҷаҳон аст, ки оид ба огоҳ намудан дар бораи бемории мазкур зиёда аз 1 миллиард нафар аҳолиро дар бештар аз 160 кишвари ҷаҳон фаро гирифтааст. Санаи 14 ноябр барои он интихоб шудааст, ки хидматҳои табиб ва физиологи канадагӣ Фредерик Бантинг ҷовидонӣ гардонида шавад, ки дар ҳамин сана соли 1891 ба дунё омадааст ва дар кашфи инсулин соли 1922 дар якҷоягӣ бо табиб Чарлз Бест нақши ҳалкунанда доштааст. Доруи мазкур ҳаёти беморони гирифтори диабети қандро наҷот медиҳад.

Диабети қанд бемории музмин буда, дар ҳолатҳое ба вуҷуд меояд, ки ғадуди зери меъда инсулини кофӣ ҳосил намекунад ё вақте, ки организм инсулини ҳосилнамудаи онро самаранок истифода карда наметавонад. Ин ба дараҷаи афзудаи таркиби глюкоза дар хун (гипергликемия) оварда мерасонад. Дар моҳи январи соли 1922 олими ҷавони канадагӣ  Фредерик Бантинг аввалин бор дар таърих бо гузаронидани инсулин бо сӯзандору ба навраси 14-сола ҳаёти ӯро наҷот дод, ки ба шакли вазнини наврасии (ювеналии)  диабети қанд дучор шуда буд. Ба ҷои дарёфт намудани патент ва дар натиҷа ба шахси сарватманд табдил ёфтан Бантинг ҳамаи ҳуқуқро ба Донишгоҳи ш.Торонто медиҳад. Баъдан ҳуқуқ барои истеҳсоли инсулин ба Шӯрои Канада оид ба таҳқиқоти тиббӣ гузашт ва дар соли 1922 дар бозори доруҳо доруи нав пайдо шуд. Кашфиёти Фредерик Бантинг ва ҳамкораш Чарлз Бест ҳаёти миллионҳо одамонро наҷот додааст.

Диабети қанд ба диабети қанди навъи 1 (бо вобастагӣ ба инсулин) ва диабети қанди навъи 2 (бе вобастагӣ ба инсулин) ҷудо мешавад. Аз рӯи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ диабети қанд дараҷаи фавти аҳолиро 2-3 баробар афзоиш дода, давомнокии умрро кӯтоҳ мекунад. Ғайр аз ин, миқёси калони паҳншавии бемории мазкур боиси мубрамияти мушкилӣ мегардад. Тибқи арзёбиҳо соли 2014 422 миллион аҳолии калонсол дар ҷаҳон, дар муқоиса бо 108 миллион нафари соли 1980, аз диабети қанд ранҷ мебурданд. Ҳар сол шумораи беморон афзоиш меёбад. Алалхусус афзоиши зиёди беморӣ дар робита бо диабети қанди навъи 2 ба мушоҳида мерасад, ки ҳиссаи он аз ҳамаи ҳолатҳо 85%-ро ташкил медиҳад ва ба дараҷаи зиёд натиҷаи вазни изофӣ ва беҳаракатии ҷисмонӣ мебошад. Дар воқеъ, барои пешгирии он чораҳои оддии риояи тарзи ҳаёти солим ва истеъмоли дурусти ғизо самараноканд. Ҳар сол бо шарофати Федератсияи байналмилалии диабети қанд Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо диабети қанд миллионҳо одамонро дар саросари ҷаҳон фаро мегирад ва ҷамъиятҳои диабетии 160 кишварро бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи огоҳӣ оид ба диабети қанд ва оризаҳои он муттаҳид месозад.

Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар қатъномаи худ низ ба давлатҳои аъзо таҳияи барномаҳои миллиро оид ба мубориза бо диабети қанд ва нигоҳубинии шахсони гирифтори ин беморӣ тавсия медиҳад. Гузашта аз ин, ҳар сол мавзӯи муайяни Рӯз тасдиқ мегардад, ки бевосита ба шахсони гирифтори диабети қанд тааллуқ дорад. Дар чунин ҳолатҳо Федератсияи байналмилалии диабет намехоҳад, ки тамоми кӯшишҳоро дар маъракаи як рӯз маҳдуд намояд, балки фаъолнокиро ба тамоми сол паҳн созад. Ҳамин тариқ, дар солҳои гуногун мавзӯъҳо чунин буданд: “Мушкилии диабети қанд ба ҷаҳон мебарояд”, “Диабети қанд: мушкилии ҳамаи синну сол ва кишварҳо мебошад”, “Диабети қанд ва пиршавӣ”, “Арзиши ноогоҳӣ”, “Инсулин барои ҳаёт”, “Диабети қанд ва ҳуқуқи инсон”, “Диабети қанд метавонад гурдаҳои шуморо корношоям гардонад. Фавран амал намоед!”, “Мубориза бо фарбеҳшавӣ диабети қандро пешгирӣ мекунад”, “Диабети қанд: кӯмак ба ҳар шахс!”, “Диабети қанд дар кӯдакон ва наврасон”, “Диабет, таҳсилот ва пешгирӣ”, “Тарзи ҳаёти солим ва диабети қанд”, “Дар мубориза бо диабети қанд муттаҳид мешавем”ва ғайра.

Дар ҳамин ҳол  Тағоев Тоҳир, директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ»-ии Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегуяд, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки  солҳои охир  ин беморӣ дар байни ҷавонон бештар дида мешавад. Сабаби паҳн гаштани бемории диабети қанд   на танҳо  ирсият, балки ҳолати равонии инсон ва истеъмоли хӯрокҳои гуногун низ мебошад. Бояд гуфт, ки пурхӯрӣ ё истеъмоли нодурусти хӯрок  ба пайдоиши бемории  диабети қанд метавонад сабаб  шавад.

Маврид ба зикр аст, ки дар  Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ”-и Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат  “Мактаби диабет” барои  кӯдакон ва калонсолон фаъол мебошад, ки чунин мактабҳо дар назди марказҳои саломатии мамлакат низ мавҷуданд. Дар ин мактабҳо тарзи дурусти истеъмоли ғизо ва паст кардани омилҳои хатар  омӯзонида мешаванд.

Беморони диабети қанд барои муътадил нигоҳ доштани сатҳи қанди хун  бояд  ҳамарӯза  инсулин ва доруҳои қандпасткунанда  қабул кунанд. Барои табобати ин беморӣ дар ҷумҳурӣ таъмини ройгон бо инсулин  ва воситаҳои инсулингузаронӣ ба роҳ монда шудааст. Беморон метавонанд инсулинро аз марказҳои эндокринологии  вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо  дастрас намоянд. Таъминоти беморон бо инсулин ва воситаҳои инсулингузаронӣ  аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ  ва қисман аз ҳисоби  шарикони рушд ба роҳ монда шудааст.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби  мутахассисони  Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ” дар  ин рӯз  машварат, муоина ва  чорабиниҳои ташхисӣ,   ба монанди  ултрасадо, сабти барқи дил ва санҷиши қанди хун  ба таври  ройгон  анҷом дода мешаванд. Инчунин барои  кӯдакон ва наврасони гирифтори диабети қанд   туҳфаҳо тақдим  гардида, чорабиниҳои фароғатӣ  ба нақша гирифта мешавад.

Ҳамзамон,  бо иштироки мутахассисони  соҳа  дар барномаҳои радио ва телевизион   баромадҳо ва сӯҳбатҳо  дар мавзӯъи диабети қанд доир мегардад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 730
  • 1,242
  • 949,750