Имсол бори 74-ум Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 1556 нафар хатмкунандагони хешро ба хизмати халқу Ватани хеш сафарбар менамояд, ки 65 нафари онҳо донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намудаанд.
Ин нукта зимни баргузории як чорабинӣ дар донишгоҳи мазкур таъкид гардид.
Боиси хушнудист, ки хатми имсолаи донишҷӯёни донишгоҳи мазкур ба воқеаи хеле муҳим, яъне 80 солагии таъсисёбии ин муассисаи таҳсилоти олии тиббӣ рост омад, ки имрӯзҳо устодону донишҷӯёни таълимгоҳ баҳри таҷлили сазовори ин санаи таърихӣ ҳаматарафа омодагӣ мебинанд. Дар тӯли мавҷудияташ ин даргоҳи муқаддас беш аз 43 ҳазор нафар мутахассисони соҳибмаълумотро тарбият намудааст, ки ҳар кадоми онҳо бо кору фаъолияти шоистаашон заррае ҳам бошад, мақому манзалат ва обрӯву эътибори донишгоҳи азизро дар байни мардуми кишвар ва берун аз он шарафмандона муаррифӣ намудаанд.
Қобили зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши табибу омӯзгорро дар ҷомеа хеле баланд арзёбӣ намуда, зикр кардаанд, ки: «Касбҳои табиб ва муаллим аз ҷумлаи касбҳои пурифтихор ба шумор мераванд, чунки яке бо табобату тарбияи бадан ва дигаре бо тарбияву такмили маънавиёти инсон машғуланд. Аз ин рӯ, бояд соҳибони ин ду касби муқаддас ҳамеша дасту дили пок ва нияти неку беғараз дошта бошанд».