Соҳаи тандурустии кишвар ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ гардонида мешавад

Июл 05
11:17 2017

Соҳаи тандурустӣ ҳамчун ниҳоди таъминкунандаи сатҳи сиҳатии сокинон дар ҳама давр ҷиҳати ҳифзи ҷомеа аз маризиву бемориҳои мухталиф  ба навгониву тараққиёти сохавӣ ва дастовардҳои ҳамаҷониба ниёз дошту дорад. Маҳз бо дарки ин масъала давра ба давра ин соҳа чун дигар кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар Тоҷикистон низ рушд меёбад. Имрӯзҳо бо дастгирии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорони маҳаллӣ, созмонҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ инчунин бо талош ва заҳматҳои кормандони соҳаи тиб вазъи хизматрасонии ин ниҳод ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷавобгӯ ба талаботи давр ва мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ гашта истодааст. Дастовардҳои соҳаи тандурустӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат ба тариқи зарурӣ мушоҳида мегардад, ки чунин пешравиҳо дар вилояти Хатлон низ ба назар мерасанд.

Андешидани тадбирҳо ва ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас баҳри устувории заминаҳои моддию техникии иншоотҳои соҳаи тандурустӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ ва таъмини амнияти санитарии шаҳрвандон дар соҳа далел ба гуфтаҳои болост.

Таҳлилҳо нишон додаанд, ки чун дигар солҳо, таи соли равон низ соҳаи тандурустии кишвар бахусус дар вилояти Хатлон ба дастоварҳои ҷадид ноил гардидааст, ки дар заминаи он  вазъи хизматрасонии тиббӣ ба сокинон низ  беҳтару хубтар ба роҳ монда шудааст.

Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ мавриди истифода қарор гирифта, як қисми дигари муассисаҳои тандурустии ин минтақа бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ ҷиҳозонида шудаанд.

Таи 6-моҳаи аввали соли равон мавриди истифода қарор гирифтани  шуъбаи ҷарроҳӣ ва шуъбаи таваллудхона дар ноҳияи Балҷувон, ба фаъолият шурӯъ намудани Марказҳои саломатии деҳоти Пистамазор 2, Девдор,   Наво, Чагам бунгоҳҳои саломатии Тоҷикобод, Озодӣ, Ватан, Зарбадор, Зархез, Гулистон, Шаршари пушинг, Куҳдоман, Хуҷаи Нур, ва ғ. ба пешрафти соҳа такони ҷиддӣ дода бо лавозимоти соҳавӣ таъмин гардидани бунгоҳи саломатӣ дар ноҳияи Ш.Шоҳин, беморхонаи №1 ҷамоати Саричашма ва инчунин мавриди истифода қарор гирифтани бунгоҳи саломатии Ватан дар ноҳияи Шаҳритуз ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани  вазъи хизматрасонии тиббӣ ба сокинон заминаи мусоиб фароҳам хоҳад овард.

 Инчунин бо мақсади  хизматрасонии саривақтии тиббии босифат дар бунгоҳи саломатии Зарнисори деҳаи Зарнисори ноҳияи А. Ҷомӣ аз ҷониби ташкилоти хайриявии “Тоҷикистон” ва маблағгузории давлати Араб дастгоҳи ултрасадо, зарабин ва мизу курсӣ, дар бахши госпиталии ноҳия бошад дастгоҳи ташхиси лапароскопия, дар беморхонаи ноҳияи Бохтар 18-номгӯи таҷҳизотҳои муосири тиббӣ, дар филиали муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун” дар шаҳри Қӯрғонтеппа дастгоҳи нави ҳозиразамон “Гемостаз”-АВГ-2-0,2П васл гардид, ки барои таҳлили лахташавии хун барои бемориҳои дил, ҳангоми хунравӣ, барои ҷарроҳиҳои занона ҳангоми хунравӣ ва факторҳои биологии хун мусоидат мекунад. Ҳамчунин, барои муайян намудани сифати маводҳои доруворӣ ва фармасевтӣ таҷҳизоти лаборатории Анализатор барои Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон харидорӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст.

Дар ин давра ҳамзамон ба беморхонаи №1 ноҳияи Қубодиён аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ, бо мақсади расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба аҳолии ҷамоати деҳотӣ “Тахти Сангин” як автомашинаи Хундай-Старекс тӯҳфа карда шуд.

Инчунин таи 6 моҳи сипаригардида Маркази саломатии №2, беморхонаи сироятии шаҳрӣ, шуъбаи таваллудии шаҳри Кӯлоб таъмир ва бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон таъмин гардонида шудаанд.

 Ҳамзамон имрӯзҳо кормандон ва масъулони идораҳои мухталифи ин ниҳод бо мақсади  дар амал тадбиқ намудани  барномаҳои миллии соҳавӣ ва  иҷроиши қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати ноил гардидани ба  дастовардҳои нави илмӣ  ва дар заминаи он беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ ба сокинон, тадбирҳои заруриву саривақтӣ меандешанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 397
  • 956
  • 913,097