1836 нафар дар карантин қарор доранд

1836 нафар дар карантин қарор доранд
Апрел 13
08:31 2020

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз  1 феврал то 13 апрели соли равон  7560 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, дар муассисаҳои тандурустӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз шумораи  зикршуда то санаи 13 апрел 5 ҳазору 724 нафар  ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, айни ҳол 1836 нафари онҳо  зери назорати  карантинӣ  қарор доранд. Ҳамзамон, аз оғоз то имрӯз 326 нафар шаҳрвандони хориҷӣ низ ба карантин фаро гирифта шуданд, ки айни замон 5 нафари онҳо  дар карантин қарор доранд.

Азбаски вақтҳои охир дар муассисаҳои карантинии мамлакат фавти беморон бо ин ё он беморӣ ба қайд гирифта шуда истодааст, мутаассифона, як гурӯҳ ҳангомаҷӯён фавти онҳоро ба сирояти коронавирус мансуб медиҳанд.

Айни замон, ки мавсими баҳор аст ва хурӯҷи ҳар гуна бемориҳо, аз ҷумла бемории зуком, бемориҳои хроникӣ авҷ гирифта, онҳо низ боиси оризаҳои гуногун гардида, сабаби фавт шуда метавонанд.  Бинобар ин, дар ин лаҳзаҳои ҳассос марги ҳар инсонро ба сирояти коронавирус алоқаманд намудани як идда ҳангомаҷӯён аз рӯйи адолат нахоҳад буд. Сабаби марги ҳар инсонро танҳо духтур муайян карда метавонад. Аз ин рӯ, аз шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорем, ки дар ин масъалаи нозук эҳтиёткор бошанд ва ба ҳар гуна хабарҳои бардуруғ дар ин робита бовар нанамоянд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, санаи 11 апрели соли равон сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов Тошев Ҳоҷимуҳаммад, ки дар дар карантин дар Беморхонаи минтақавии «Ўзбекқишлоқ» қарор дошт, бо ташхиси «Бемории ишемиявии дил, Фишорбаландии дараҷаи 2, хатари 4» фавтид.

Ҳамзамон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки шоми  12 апрел, соати 21:30  корманди Беморхонаи марказии вилоятии ба номи Б.Воҳидови шаҳри Бохтар Алимова Оишамоҳ, соли таваллудаш 1962 бо ташхиси сили иртишоҳи (инфильтративный туберкулёз) қисми мобайнии ҳарду шушҳо, гипертерофияи меъдачаи чапи дил, атеросклерози шоҳраг фавтид. Номбурда дар беморхонаи мазкур, ки дар он ҷо шаҳрвандони аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон воридшуда дар карантин қарор доранд, фаъолият менамуд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меоварад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои беасоси сироятёбии шаҳрвандон бо коронавируси нав бовар нанамоянд ва танҳо ба маълумотҳои мақомоти расмӣ, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон такя намоянд.

Инчунин, шаҳрвандони кишвар метавонанд зимни пайдо гардидани суол ва дастрасии тавсияҳо нисбати сирояти коронавируси нав, тавассути телефони 511, ки дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври шабонарўзӣ фаъолият менамояд, муроҷиат намоянд.

Таъкид намудан ба маврид  аст, ки дар ҳолати ба қайд гирифтани сирояти коронавирус дар мамлакат Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман онро тасдиқ ва эълон хоҳад кард,  зеро ба ҳеҷ ваҷҳ пинҳон нигоҳ доштани ин сироят ба нафъи ҳеҷ кишваре нахоҳад буд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 902
  • 1,242
  • 949,922