Маъюбон дар меҳвари сиёсати давлат қарор доранд

Маъюбон дар  меҳвари сиёсати давлат қарор доранд
Июл 07
08:00 2020

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011, 753 ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  8 июл Рӯзи маъюбон таҷлил карда мешавад.  Мақсад аз эълон доштани ин рӯз ва ба таври анъанавӣ қайд кардани он ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷамъият, ташкилоту идораҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъалаҳои маъюбӣ буда, барои таъмини кафолатҳои иҷтимоии маъюбон ва шароити арзандаи зиндагӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар робита ба таҷлили санаи мазкур бо  Сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Қурбонов суҳбате оростем:

– Сараввал дар бораи мақоми иҷтимоии маъюбон дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сухан  мегуфтед?

– Вақте ки сухан аз боби маъюбӣ 1 ва маъюбон 2 меравад, ба зеҳни шунавандаву бинанда ва умуман ҳамсуҳбатон чӣ ангезае мунъакис мегардад. Ва ин вокуниши зеҳнӣ аз мавқеи иҷтимоии инсонҳо бештар вобаста аст. Яке дар шахсияти маъюб як фарди бемору нотавон, дигаре ҳангоми бархӯрд бо ин мафҳумҳо ба назараш масоили тандурустӣ падидор мегарданд.

Дар маҷмӯъ, масоили маъюбият ва маъюбон ба хизматрасонии иҷтимоӣ ва пеш аз ҳама ба дастгирӣ ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати ҳамгироии иҷтимоии шахсони дорои маъюбият ба ҷомеа бо роҳи фароҳам овардани имкониятҳои баробари зиндагӣ ва муҳити дастрас марбутанд.

Ҳуҷҷати муҳими меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ – Конвенсияи СММ «Дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон», ки дар  Иҷлосияи шасту якум Ассамблеяи Генералӣ Созмони Милали Муттаҳид соли 2016 қабул гардидааст, оид ба мақоми иҷтимоии онҳо чунин баён доштааст: «Ба маъюбӣ шахсоне мансуб дониста мешаванд, ки дорои нуқсонҳои устувори ҷисмонӣ, рӯҳӣ, ақлию зеҳнӣ ва ҳиссиёт мебошанд ва ин нуқсонҳо ҳангоми амали мутақобила ва ё бархӯрд бо монеаҳои гуногун метавонад барои иштироки пурра ва самараноки онҳо баробар бо дигарон дар ҳаёти ҷамъиятӣ халал расонанд».

Дар сиёсати иҷтимоии ҳар як давлат амалӣ намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони дорои маъюбият, пешгирӣ намудани маъюбшавии аҳолӣ ва таъмин намудани дигар тадбирҳо оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон мавқеи муҳим доранд.

Арасту, ин файласуфи бузурги ҷаҳонӣ қайд намудааст, ки «сохтори беҳтарини давлатӣ ҳамоне эътироф карда мешавад, ки сохтори он барои ҳар як инсон шароити хуби зиндагии ҳаррӯза ва саодатмандонаро имкон медиҳад».

Абуалӣ ибни Сино – сардафтари тибби ҷаҳонӣ дар китоби худ «Тадбири манзил» фармудааст, ки «инсон зубдаи офариниш мебошад ва рифоҳу офиятмандии ӯ дар ҷомеа дорои дараҷаи аввал буда ва муҳим арзёбӣ мегардад».

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзалат ва муҳимияти таъмини иҷтимоии шахсони маъюбро пайваста қайд намуда, зимнан чунин изҳор доштаанд: «… Ман ҳаргиз шумоёнро хору зор шудан намегузорам!».

Дар сиёсати пешгирифтаи Cарвари давлатамон масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон яке аз самтҳои афзалиятнокро ишғол намуда, Ҷаноби Олӣ ҳамеша нисбати ин қишри ҷомеа ғамхории махсус зоҳир менамоянд. Тавре ки таъкид намудаанд, «мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем».

Дар ҳамин замина, қайд кардан ба маврид аст, ки дар айни замон дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баҳри таъмин намудани ҳуқуқ ва кафолатҳои иҷтимоии давлатии маъюбон чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Айни замон дар ҷумҳурӣ теъдоди маъюбон 149 860 нафарро ташкил дода, аз онҳо 15680 нафар маъюбони гурӯҳи I, 72692 нафар маъюбони гурӯҳи II, 32950 нафар маъюбони гурӯҳи III ва 28538 нафар кӯдакони маъюби то синни 18-сола мебошанд.

Мақоми иҷтимоии маъюбон ва асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар қонунгузории миллӣ ва ҳамчунин санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало муқаррар гардида, айни замон дар ҷумҳурӣ метавон гуфт ки пойгоҳи мукаммали қонунгузорӣ дар ин самт таҳия ва қабул гардидааст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи ветеранҳо», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд”, «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ”, инчунин «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Стратегияи милли солимии аҳолӣ барои солҳои 2010-2020», «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017–2020», «Консепсияи рушди хизматрасонии иҷтимоии ахолӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз зумраи онҳо ба шумор мераванд.

Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳоро этироф намуда, ба чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ арҷгузорӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони маъюбиятдошта тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. 22 марти соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конвенсия оид ба хуқуқи маъюбон ба имзо расонида шуд. Ҷиҳати омӯзиши масъалаи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба конвенсияи мазкур Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст. Ҳамчунин, Кумитаи роҳбарикунандаи «Мубаддалгардонии ҳуқуқи одамони имконияташон махдуд ба воқеъият», ки дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, ҷиҳати мутобиқсозии қонунгузории соҳа ба конвенсияи мазкур фаъолият менамояд. Ғайр аз ин, баҳри амалишавии муқаррароти конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз  27 феврали соли 2020, №116 «Нақшаи  миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тавсиб расонидани Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои давраи то соли 2024” ба тасвиб расидааст.

-Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маъюбон чӣ гуна имтиёзҳо муҳайё карда шудааст?

– Кӯшишҳои имрӯзаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ва шарикони рушд на танҳо ба расонидани кӯмак, дастгирӣ ва пешниҳоди имтиёзҳои гуногун, балки ба ҳамгироии одамони маъюб ба ҷомеа нигаронида шудаанд. Шахсони дорои маъюбият низ ҳамчун шахсоне, ки маъюбият надоранд, дар ҷумҳурии мо аз тамоми ҳуқуқу кафолатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию маданӣ, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд, бархурдоранд.

Имтиёзҳо ва кафолатҳои иҷтимоии давлатии шахсони маъюб аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Чунончи, дар моддаи 34-и он дарҷ гардидааст, ки «Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд.”. Ҳамзамон дар моддаҳои 38 ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва дар моддаи 39-и конститутсия ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоии маъюбон муқаррар карда шудаанд. Аз ҷумла дар моддаи 39 омадааст, ки “Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад».

Санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар боло мо аз онҳо ёдовар шудем, тамоми ҷанбаҳои ҳуқуқии шахсони маъюбиятдоштаро пурра инъикос менамоянд. Масалан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии таъминоти ҳифзи иҷтимоии маъюбонро муайян намуда, ба онҳо имконияти баробари зиндагӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеаро фароҳам меорад. Тибқи қонунгузории амалкунанда маъюбон вобаста ба категорияҳо ва гурӯҳҳои маъюбиашон аз чунин имтиёзҳо ва кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ бархурдоранд: табобати санаторию курортӣ, имтиёзҳо ҳангоми истифодаи нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ, андоз аз воситаҳои нақлиёт, ҳаққи истифодабарии хизматрасонии коммуналӣ, хизматрасонии тиббӣ, пардохти ҳаққи муштарипулии телефонҳои хонагӣ,  имтиёзҳо ҳангоми супоридани имтиҳонҳои тестӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои таълими давлатии маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ, афзалият   ҳангоми   қабул   шудан  ба хона-интернатҳо  барои пиронсолону  маъюбон,  марказҳои  минтақавии хизматрасонии   иҷтимоии нафақахӯрон ва шӯъбаи расонидани ёрии иҷтимоӣ дар хона, афзалият   ҳангоми касбомӯзӣ дар мақомоти шуғли аҳолӣ ва таълими калонсолон ва ғайраҳо.

Дар баробари ин, дар аксар санадҳои қонунгузории Тоҷикистон, ба монанди кодексҳои андоз, тандурустӣ, манзил, меҳнат, оилаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ва «Дар бораи маориф»  ва дигарҳо муқаррароти махсус оид ба танзими ҳуқуқӣ ва кафолатҳои иҷтимоии маъюбон ҷой дода шудаанд. Албатта, дар як мусоҳибаи кӯтоҳ ҳамаи кафолату афзалияту бартариҳое, ки давлат барои шахсони маъюб, хусусан маъюбони ҷангу меҳнат муқаррар намудааст, шарҳу баёни онҳо имконнопазир аст. Аз  ин рӯ, хонандагони муҳтарам барои маълумоти бештар метавонанд ба бахшҳои ҳифзи иҷтимоиии аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷои истиқоматашон муроҷиат намоянд.

-Ба тавонбахшӣ фаро гирифтани маъюбон яке аз самтҳои муҳими соҳа ба шумор меравад. Лутфан бигӯед, ки айни ҳол ба тавонбахшӣ фаро гирифтани маъюбон дар Тоҷикистон дар кадом сатҳ қарор дорад?

– Дар ҳақиқат тавонбахшии шахсони имконияташон маҳдуд, хусусан тавонбахшии тиббию иҷтимоии онҳо яке аз чорабиниҳои ниҳоят муҳим барои маъюбон маҳсуб меёбад.

Дар сохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташкилоту идораҳои дахлдор амал мекунанд, ки фаъолияти оинномавии онҳо асосан ба хизматрасонии иҷтимоии маъюбон, пеш аз ҳама ба тавонбахшии онҳо равона гардидаанд. Чунончи, 4 хона-интернат барои пиронсолону маъюбон (Турсунзода, Ёвон, Панҷакент, Бохтар) ва 3 хона-интернат  барои маъюбони бемориҳои рӯҳӣ (Восеъ, Ҳисор, Ҷ. Расулов), Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби “Чорбоғ” ва  Маркази байналмилалии тавонбахшии маъюбон дар ноҳияи Балҷувон (сохтмони нотамом), қариб 40 марказҳои хизматрасонии иҷтимоии будубоши рӯзона барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва барои пиронсолону маъюбон, 5 осоишгоҳу  истироҳатгоҳҳои табобатӣ, зиёда аз 40 шӯъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва 6 марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ, як Заводи протезию ортопедӣ дар ш. Душанбе ва филиалҳояш дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд ва Кӯлоб ва ғайраҳо. Дар кишвар дар самти тавонбахшии маъюбон ва экспертизаи тиббию иҷтимоӣ низ як Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон” ва Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ фаъолият карда истодаанд.

Бо мақсади рушд ва тақвият бахшидани амалҳо дар самти тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар ҷумҳурӣ «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2016-2020» қабул гардидааст, ки дар айни замон самарабахш амалӣ шуда истодааст.

Танҳо дар давоми нимсолаи якуми соли 2020 аз тарафи ҳамаи шабакаҳои  хизматрасонии иҷтимоии будубоши доимӣ ва муваққатӣ дар ҷумҳурӣ қариб ба 8000 нафар маъюбон ва ба зиёда аз 3000 нафар кӯдакони имкониятшон маҳдуд хизматҳои  гуногуни иҷтимоӣ ва  тавонбахшӣ расонида шудаанд.

Дар асоси фармоишоти Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон дар ин давра ҳамчунин зиёд аз 250 адад аробачаи маъюбӣ, 281 адад асо, 15 адад асо барои нобиноён,  167 ҷуфт асобағал,  10 адад асобағал то оринҷ, 27 дона дастгоҳи шунавоӣ ва 38 адад роҳгардак (ходунок)  ба маъюбони ниёзманд дастрас гардонида шуда, дар маҷмӯъ дар нимсолаи якуми соли 2020 ба 3389 нафар  ниёзмандон тавассути таъминоти онҳо бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ расонида шудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши ягонаи муассисаи илмию тадқиқотии соҳа –  Муассисаи  давлатии  «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» назаррас арзёбӣ мегардад. Дар ин давра аз ҷониби пажӯҳишгоҳ ба 332 нафар табобати амбулаторӣ гузаронида шуда, тибқи таҳлил 96,4% муроҷиати амбулаторӣ аз бемории асаб мебошад, 95,3%-и онро кӯдакон ташкил медиҳанд. Дар ҳуҷраи гиёҳдармонӣ бо истифода аз растаниҳои шифобахши ватанӣ ҳамарӯза ба беморони бистаришуда, инчунин беморони амбулаторӣ табобати гиёҳдармонӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин давра ба 1006 ниёзманд хизмат расонида шуд. Дар бахши табобатӣ ҷиҳати тавонбахшии маъюбон, мутобиқшавии онҳо ба ҷомеа ва устуворияти ҷисмониву равонӣ 661 нафар табобат гирифтанд, ки ин 7275 кат/рӯзро ташкил медиҳад.

Дар фарҷоми суҳбат изҳор менамоем, ки мутобиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011, №753 ҳамасола дар ҷумҳурии мо 8 июл Рӯзи маъюбон таҷлил карда мешавад.  Мақсад аз эълон доштани ин рӯз ва ба таври анъанавӣ қайд кардани он – ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷамъият, ташкилоту идораҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъалаҳои маъюбӣ буда, барои таъмини кафолатҳои иҷтимоии маъюбон ва шароити арзандаи зиндагӣ мусоидат хоҳад кард. Имрӯзҳо дар саросари кишвар, хусусан дар низоми муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ новобаста аз вазъи бавуҷудомадаи марбут ба коронавируси нави COVID-19 бахшида ба Рӯзи маъюбон бо ҷалби намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии шахсони маъюб ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ чорабиниҳои дахлдор  доир гардида,  тавассути воситаҳои ахбори оммавӣ барномаҳо ва мақолаву маърӯзаҳо нашр мешаванд. Аз ҷумла 1 июли соли ҷорӣ дар вазорат тавассути видео-конференсия дар мавзӯи “Дастрасии шахсони маъюбиятдошта, аз ҷумла занон ба саломатии репродуктивӣ: дастовардҳо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо” мизи мудаввар доир гардида, 3 июл ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба татбиқи “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” баргузор карда шуданд.

Бо боварии комил изҳор менамоем, ки дар оянда низ баҳри баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии шахсони дорои маъюбият, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо тамоми чорабиниҳои зарурӣ андешида шуда, вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо беҳтар карда мешаванд.

Суҳбаторо ХУСРАВ Шоҳсаидов

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 968
  • 1,263
  • 842,717