19 май -Рӯзи байналмилалии мубориза бо гепатит: беморие, ки пурра муолиҷа мешавад

Май 22
10:11 2017

Рӯзи байналмилалии мубориза бо гепатит (қубод, зотулкабид) аз соли 2008 бо ташаббуси Иттиҳоди байналмилалии мубориза бо гепатит 19 май таҷлил карда мешавад. Ин рӯз беш аз 200 ассотсиатсияи беморонро дар беш аз 50 давлати ҷаҳон бо ҳам муттаҳид мекунад. Гепатит яке аз бемориҳои хавфнок буда, ба ҷигари инсон зарар мерасонад. Беморӣ оҳиста-оҳиста оғоз ёфта, бе ягон аломат мегузарад,  бинобар ҳамин онро «қотили меҳрубон» меноманд.

Бино ба маълумоти оморӣ, ҳар як 12-ум нафар дар ҷаҳон вируси гепатити В  ё С дорад.

Духтури гастроэнтеролог, академик Ғиёсиддин Меҳроҷов иброз дошт, ки мушкилоти ташхис ва ошкор намудани ин беморӣ то ҳол дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад. «Имрӯз дар Душанбе ташхисгоҳҳои давлативу ғайридавлатӣ хеле зиёд гаштаанд, вале на ҳамаи онҳо ташхиси дуруст мегузаронанд. Агар бемор бо вируси гепатит дар  се ташхисгоҳ хун супорад, ба ӯ се навъ ҷавоб пешниҳод мекунанд. Ин, албатта, ҳам кори духтурон ва ҳам беморонро душвор месозад, зеро ҳар як  ташхиси  бемории  гепатит иборат аз чанд таҳлил,  500 сомонӣ нарх дорад. Ин барои беморон хеле гарон меафтад. Аз ҳамин сабаб мо чанд рӯз пеш бо намояндагони ташхисгоҳҳои пойтахт як машварати махсус гузаронида, ин масъаларо дар доираи он баррасӣ намудем. Тариқи чунин машваратҳо мо мехоҳем ин мушкилотро дар пойтахт бартараф намоем»,-илова намуд Ғ. Меҳроҷов.

Бино ба гуфтаи академик, дар ҷаҳон 9 навъи вируси гепатит ошкор гардидааст, аз ҷумла А, В, С, Д, Е, J, T  ва ғайра. «Аз ҳамин 9 навъи  вирус, танҳо вируси А ба ҷигар кам таъсир мерасонад.  Дигар вирусҳо таъсири бад расонида, ҳатто метавонанд ба сиррози ҷигар ва ё раки ҷигар оварда расонанд. Аз ҳамин сабаб пешгирӣ ва табобати ин беморӣ мушкилоти мубрами илми тиб ва мутахассисон мебошад»,- зикр намуд табиб.

Ба андешаи Ғиёсиддин Меҳроҷов, қабули «Қонун дар бораи муоинаи тиббии ҳатмии навхонадорон пеш аз издивоҷ» саривақтӣ мебошад, зеро ҷавонон пеш аз никоҳ бемории худро муайян ва муолиҷа мекунанд. «Ин имкон медиҳад, ки натанҳо ин ҷуфти оиладоршаванда аз бемориҳои вирусӣ эмин мемонанд, балки фарзандони солим ба дунё меоранд. Бисёриҳо гумон мекунанд, ки танҳо дандонпизишкон сирояткунандаи вируси гепатит ҳастанд, аммо ин андеша нодуруст аст.  Имрӯз духтурони занона, кормандони маркази хун, ҷарроҳон, шахсоне, ки дар кошонаҳои ҳусн кор мекунанд,  метавонанд паҳнкунанди ин вирсус бошанд. Ҳатто оро додани нохун дар кошонаи ҳусн метавонад ба бемории гепатити мубтало намояд.  Имрӯз қариб дар тамоми марказҳои дандонпизишкӣ вируси гепатити В ва ё С  бо усули тестӣ муайян карда мешавад, Ҳар як шахс бояд назди духтури дандон бо асбобҳои яккаратина ва ё худ ояд»,-зикр намуд академик Мироҷов.

Ба андешаи табиб, имрӯз бемории гепатит пурра муолиҷа мешавад.  «Ҳоло доруҳои нав кашф шудаанд, ки дар муддати 3-5 моҳ метавонанд бемории вируси гепатити В ва С-ро пурра табобат намоянд. Ин амал инчунин нисбат ба солҳои пешин камхарҷтар шудааст. Агар пештар беморон барои дору то 10 ҳазор доллари амрикоӣ сарф мекарданд, имрӯз онро ба маблағи 500-600 доллар метавонанд харидорӣ кунанд. Танҳо муолиҷаи вируси гепатити  Д каме мушкилтар аст, вале он ҳам пурра муолиҷашаванда мебошад»,-афзуд мусоҳиб.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 287
  • 1,185
  • 874,409