Август 29
09:10
2020
Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо мақсади маълумотнок намудани аҳолӣ доир ба пешгирии бемории коронавируси нави СOVID-19 дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва саҳни муассисаҳои шахсию давлатии хиёбони Рӯдакӣ бо шаҳрвандону меҳмонони пойтахт дар мавзӯи “Роҳҳои пешгирӣ аз коронавирус, риояи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ” сӯҳбат-вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар доираи чорабинии мазкур волонтиёрони донишгоҳ зери роҳбарии мудири шуъба бо шаҳрвандону меҳмонони пойтахт сӯҳбату вохӯриҳо анҷом дода, доир ба бемории СOVID-19, сироятёбӣ ва оқибатҳои он, инчунин роҳҳои пешгирӣ аз сироятшавӣ иттилоъ дода, ҳамчунин дастурамалҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии сирояти мазкурро тақсим карданд.