403 нафар ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд

403 нафар ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд
Май 14
15:01 2020

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 14 майи соли равон дар муассисаҳои табобатии кишвар 4299 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 403 нафар пас аз шифо ёфтан аз муассисаҳои тандурустӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.

Ҳамзамон,  то имрӯз дар мамлакат  907 нафар бо ташхиси сирояти коронавирус ошкор гардида,  29 нафар бар асари он  фавтидаанд.

То  санаи 14 май дар ҷаҳон 4 миллиону 452 ҳазору 820 нафар гирифтори коронавируси нави CОVID-19 шуда, 298 ҳазору 737 нафар бар асари он фавтидаанд. Ҳамзмон, 1 миллиону 675 ҳазору 935 нафар  гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир  ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Дар ин  лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя  намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 16
  • 891
  • 989
  • 887,256