55 000 СОМОНӢ. КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ ДАР МУБОРИЗА БО COVID-19 САҲМ ГУЗОШТАНД

55 000 СОМОНӢ. КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ ДАР МУБОРИЗА БО COVID-19 САҲМ ГУЗОШТАНД
Июн 19
13:19 2020

Имрӯзҳо дар пайравӣ ба иқдомҳои хайрхоҳонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19 ва табобати гирифторони он роҳбарону кормандони як қатор мақомоти давлатӣ, аз ҷумла вазорату идораҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатманд, саҳми худро гузошта истодаанд.

Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузаронд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Суди Олӣ ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ, ҳамчунин, дар пайравӣ ба ташаббуси мазкур судяҳои Суди Олӣ, суди шаҳри Душанбе ва чор ноҳияи пойтахт 25 фоизи маоши якмоҳаи худро, дар маҷмӯъ, ба маблағи 55 000 сомонӣ ҳамчун кумак ба фонди COVID-19 ирсол намуданд.

Дар ин бора рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 902
  • 1,242
  • 949,922