Сироҷиддин Муҳриддин ва Усома Маккави пешгирии паҳншавии вируси нави COVID-19-ро баррасӣ намуданд

Сироҷиддин Муҳриддин  ва Усома Маккави пешгирии паҳншавии вируси нави COVID-19-ро баррасӣ намуданд
Май 27
16:23 2020

27 майи соли 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Роҳбари навтаъйини Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF)  дар Тоҷикистон Усома Маккавиро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат мавзӯи пешгирии паҳншавии вируси нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Сироҷиддин Муҳриддин таҳвили саривақтии 64 тонна васоили муҳофизатии инфиродиро ба Тоҷикистон аз ҷониби UNICEF бо мақсади баланд бардоштани иқтидори бахши тандурустии мамлакат ҷиҳати вокуниш ба ин беморӣ муҳим арзёбӣ намуда, сипоси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои мусоидат ба он ҷониб расонид. Дар ин радиф, атрофи тадбирҳои банақшагирифташуда дар масъалаи таъмини пешгирии муассир ва мубориза бо бемории ҳамагир, омӯзондани кормандони соҳаи тиб, инчунин харидорӣ намудани таҷҳизоти тиббии зарурӣ барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар мубориза бо COVID-19 мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар баробари мушкилоти COVID-19 инчунин масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNICEF, татбиқи лоиҳаҳои тарафайн дар мамлакат  ва дурнамои рушди ҳамкории муштарак мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар фарҷом Сироҷиддин Муҳриддин ба Роҳбари Намояндагии UNICEF дар Тоҷикистон ба муносибати оғози фаъолияташ комёбӣ орзу намуд.

Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Акс аз ВКХ ҶТ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 308
  • 989
  • 887,662