69 нафар аз курси омўзишӣ гузаштанд

69 нафар аз курси омўзишӣ гузаштанд
Ноябр 15
12:24 2018

Дар Агентии давлатии  ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беш аз 69 нафар мутахассисону коргузорон оид ба кумакҳои унвонии иҷтимоӣ курси омўзишӣ гузаронида шуд.

Курси омўзишӣ бо дастгирии бевоситаи Абдулҳаким Холзода, директори Агентӣ- роҳбари Лоиҳаи таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоии назди Агентии давлатии  ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар доираи маблағҳои лоиҳаи номбурда дар бинои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир гардид.

Тазаккур бояд дод, ки пеш аз доир кардани курси омўзишии номбурда, бо мақсади муайян намудани сатҳи дониш ва малакаи кор бо Барномаи кўмакҳои унвонии иҷтимоӣ – (АСИСТ), донистани  санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба самти фаъолияташон вобаста, тақвият бахшидан ба фаъолияти корӣ, такмил додани дониши мутахассисону коргузорон оид ба кўмакҳои унвонии иҷтимоӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳо баҳогузорӣ карда шуда буд. Баҳогузорӣ муайян намуд, ки аксари мутахассисон санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба  фаъолияташон вобастаро нағз намедонанд. Аз ин рў, тасмим гирифта шуд, ки курсҳои омузишӣ оид ба системаи иттилоотии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ (АСИСТ) ба мутахассисону коргузорон гузаронида шавад.

Имрўз, 15 ноябри соли ҷорӣ дар интиҳои курси омўзишӣ ба иштирокчиён гувоҳнома (сертификат) тақдим гардида, ҷиҳати аз байн бурдани камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолият дар самти амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ”  ва “Барномаи давлатии расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат барои солҳои 2018-2020” дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 712
  • 1,242
  • 949,732