Ба 77 нафар шаҳрванди хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шуд

Ба 77 нафар шаҳрванди хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шуд
Январ 15
07:12 2019

Ҷиҳати фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш фаъолият дар самти мазкур дар соли 2018 давом дода шуд.

Давоми соли 2018 аз ҷониби  Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» ба 104 нафар бемор амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 10 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шуд.

Ҳамзамон, ҷиҳати коҳиш додани шумораи нафароне, ки ба хориҷи кишвар барои ташхис ва табобат сафар мекунанд, дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» шӯъбаи пайвандсозии мағзи устухон фаъолият дошта, то имрӯз ба 7 нафар бемор амалиёти пайвандсозии мағзи устухон гузаронида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки то имрӯз дар Маркази мазкур ба 77 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст, ки аз ин шумора 27 нафар аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, 21 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон, 16 нафар аз Исроил ва боқимонда аз кишварҳои мухталиф  мебошанд.

Соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо», Маркази вилоятии ҷарроҳии дилу рагҳои шаҳри Хуҷанд, Маркази тибби хусусии «Ибни Сино» ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил», дар маҷмӯъ 1624 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо (дар соли 2017-1272), 1434 амалиёти ангиография (дар соли 2017- 1197) ва 418 амалиёти ангиопластика ва стентгузорӣ (дар соли 2017-311), инчунин дар муассисаҳои тиббии мамлакат давоми давраи ҳисоботӣ ба 194 нафар бемор амалиёти ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ (дар соли 2017-190) гузаронида шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 1,156
  • 1,242
  • 950,176