900 нафар аз такмили ихтисос гузаштанд

900 нафар аз такмили ихтисос гузаштанд
Январ 15
07:05 2019

Такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин самт соли 2018 дар муассисаҳои давлатии “Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо” ва «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд.

Дар давоми соли 2018 тибқи нақшаи корӣ ва барномаҳои таълимии “Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо” 5 давраи (курсҳои) омӯзишӣ ва такмили ихтисос аз рӯи мавзуъҳои алоқаманд ба кормандони иҷтимоии шӯъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, хона-интернатҳо ва марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, ҳамчунин, кормандони бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуданд, ки дар маҷмӯъ 186 нафар дар он ҷалб гардиданд.

Баҳри тақвият бахшидани корҳо дар самти тайёр намудани кадрҳои илмӣ, такмили ихтисоси табибон-экспертҳои соҳаи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва меҳнатӣ ва табибону кормандони миёнаи тиббии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Маркази захиравию таълимии назди Муассисаи давлатии  «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» аз рӯи се барномаи таълимӣ: “Экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон”, “Кори ҳамширагӣ дар экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон” ва “Асосҳои кори иҷтимоӣ” ду давраи омӯзишию таълимӣ гузаронида шуд.

Соли 2018 дар заминаи марказҳои таълимию клиникии тибби оилавӣ 900 нафар кормандони тиб ба давраи бозомӯзӣ аз рӯи ихтисоси тибби оилавӣ фаро гирифта шуданд. Бояд қайд намуд, ки 741 бозомӯз, аз онҳо 97 нафар табиб, 644 нафар корманди миёнаи тиб давраҳои бозомӯзиро идома дода истодаанд.

Қайд кардан лозим аст, ки то имрӯз стандартҳои ташхисию табобатӣ барои сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (табибони оилавӣ) аз рӯи 100 номгӯи бемориҳо таҳия гашта, 40000 дастурҳои клиникӣ ба кормандони тибби муассисаҳои КАТС-и шаҳру ноҳияҳо дастрас карда шудаанд.

Дар маҷмӯъ, айни ҳол шумораи табибони оилавии омӯзонидашуда дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 4352 нафар ва кормандони миёнаи тибби оилавӣ 8155 нафарро ташкил медиҳанд.

Бо фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боздид ва амалӣ намудани “Тартиби таҳсилоти муттасили мутахассисони тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, тартиби таҳсилоти мутахассисони тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардида, айни замон дар шаҳри Турсунзода ба таври таҷрибавӣ амалӣ шуда истодааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 104
  • 989
  • 887,458