96 нафар соҳиби аробачаи маъюбӣ шуданд

96 нафар соҳиби аробачаи маъюбӣ  шуданд
Июл 08
14:38 2019

Ба пешвози Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба маъюбон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои кор ва фаъолияти онҳо ҳамасола тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар ин росто, ҳамасола 8 июл дар кишвар ҳамчун Рӯзи маъюбон қайд карда мешавад. Дар робита ба зарурати таҷлили ин сана, санадҳои танзимкунандаи ҳуқуқҳои маъюбон, доир намудани нақшачорабиниҳо вобаста ба Рӯзи маъюбон ва дигар паҳлуҳои масъала бо Қудратулло Қурбонов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбате оростем, ки онро пешкаши хонандагон мегардонем.

 Сараввал мегуфтед, ки аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз барои шахсони маъюб чӣ гуна имтиёз ва имкониятҳо таъйин ва муҳайё  карда шудааст?

– Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пойгоҳи меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунгузории марбута нисбат ба маъюбон пурра таҳия гардида, амал карда истодаанд. Масалан, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” “Дар бораи ветеранҳо”, “Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ”, “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил” ва ғайраҳо мавҷуданд. Дар баробари ин, соли ҷорӣ 8 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт таҳия гардида, дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд, ки онҳо барои ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқии кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ равона гардидаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки соли гузашта бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2018  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ “Дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон” ҳамроҳ шуд ва айни замон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба амалишавии муқаррароти конвенсияи мазкур корҳои муайяне анҷом дода, лоиҳаи “Нақшаи миллии амалҳо” таҳия шуда истодааст.

 – 8 июл дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи маъюбон эълон гардидааст, ки ин сана дар кишвари мо низ ҳамасола қайд карда мешавад. Ба назари Шумо чӣ зарурият пеш омад, ки чунин рӯз ба ин табақаи ҷомеа бахшида бишавад?

– Дар ҳақиқат тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рўзҳои ид” 8 июл ҳамчун Рўзи маъюбон муқаррар гардидааст, ки ин сана ҳамасола дар кишвари мо бо маром ва вежагиҳои худ қайд карда мешавад.

Масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба хусус, маъюбон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ҷиҳати дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тадбирҳои судманд ва созанда анҷом дода истодаанд.

Асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони дорои маъюбият тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи ветеранҳо» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар баробари ин, Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳоро этироф намуда, баҳри амалӣ гардидани онҳо тадбирҳои зарурӣ анҷом медиҳад.

Рўзи маъюбон аз соли 1998 инҷониб ҳамасола 8 июл дар кишвари азизи мо ба таври шоиста бо ҷалби ҳамаи ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қайд карда мешавад.

Мақсад аз эълон доштани ин рўз ва ба таври анъанавӣ қайд кардани он, ин пеш аз ҳама, ҷалб намудани таваҷҷўҳи ҷомеа ва ташкилоту идораҳо ба масъалаҳои маъюбӣ буда, барои таъмини кафолатҳои иҷтимоии маъюбон ва шароити арзандаи зиндагии онҳо мусоидат хоҳад кард.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон қариб 150 ҳазор шахси маъюб ба қайд гирифта шудааст, ки зиёда аз 27 ҳазори онро кўдакони маъюб ташкил медиҳанд.

Давлат ва  ҳукумати  кишвар баҳри таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Як қисми кўдакони маъюб, хусусан кўдакони ятиму бесаробонмондаи маъюб дар муассисаҳои иҷтимоии давлатӣ ба нигоҳубини давлатӣ фаро гирифта шудаанд.    Ва бо боварии комил изҳор менамоям, ки дар оянда низ баҳри баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии шахсони дорои маъюбият ва таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо тамоми чорабиниҳои зарурӣ андешида шуда, вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо беҳтар карда мешаванд.

 Дар доираи Рӯзи маъюбон  вазорат чӣ гуна нақшачорабиниҳоро рӯи кор гирифтааст?

– Пеш аз ҳама, бо ташаббуси вазорат ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, хусусан дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои кишвар чорабиниҳои дахлдор аз 4 июл инҷониб ба нақша гирифта шудаанд. Масалан, рўзи 4 июл дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҷлиси васеъ бо иштироки намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон, шахсони маъюб ва аъзои оилаи онҳо, ассотсиатсияи волидайни кўдакони маъюб, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои алоқаманд доир гардид.

Ғайр аз ин, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Рўзи маъюбон ба зиёда аз 60 нафар шахсони дорои маъюбият- сокинони пойтахт аробачаҳои маъюбӣ тақсим карда шуд. Рўзи 6 июл дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд низ бо ташаббуси иттиҳодияи миллии маъюбони вилоятӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ чорабинии идона баргузор  гардид. Ҳамин гуна чорабиниҳо дар тамоми ташкилоту муассисаҳои давлатии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба нақша гирифта шуда, баргузор карда шуданд.

Аз ҷониби бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳо бошад, бо дастгирии Корхонаи протезию ортопедии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба маъюбони ниёзманд 96 адад аробачаи маъюбӣ, асо 379 адад, 128 ҷуфт  асобағал,  169 адад асобағал  то оринҷ, 27 дона дастгоҳи шунавоӣ, 66 адад асо барои нобиноён ва 57 адад роҳгардак (ходунок) дастрас гардонида шуд. Ғайр аз ин, аз ҳисоби маҳсулоти хайриявӣ ба 252 нафар маъюбон хизматрасониҳои зерин амалӣ гардид: сохтмони протези пой ба 15 нафар; ортези пой ба 172 нафар; таъмири протез  ва ортез  ба 19 нафар; таъмини роҳдавак ба 24 нафар; мизу курсӣ ба 18 нафар; ортези миён ба 3 нафар; ортези даст ба 1 нафар.

 –  Маъюбияти шаҳрвандон чӣ гуна муайян  карда мешавад?

– Муайян кардани маъюбияти шаҳрвандон қоидаҳо ва тартиби муайяни худро дорад. Барои муайян намудани маъюбии шаҳрвандон Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва сохторҳои он ваколатдор гардидаанд, ки тибқи низомномаи худ ва “Дастурамали ташхиси тиббию иҷтимоӣ” амал карда, дар асоси муроҷиати шаҳрвандон масъалаи мазкурро корбарӣ менамоянд.

Дар нимсолаи аввали соли 2019 ба хадамот ва сохторҳои он, дар маҷмуъ 23591 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд, ки аз теъдоди нишондодашуда 22419 нафар (калонсолон-17290 ва кӯдакон-5129) шаҳрвандоне мебошанд, ки дар комиссияи ташхиси тиббию иҷтимоӣ муоина шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 (26609 нафар) – 4190 нафар кам мебошад.

Яке аз самтҳои фаъолияти хадамоти мазкур гузаронидани ташхиси тиббию иҷтимоии беморони вазнине, ки ба комиссияи ташхис ҳозир шуда наметавонанд, дар ҷои зисташон мебошад, ки дар ин асно, мутахассисони Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ бо роҳхатҳои Комиссияи машваратии табибии марказҳои саломатӣ ва роҳбарони хона-интернатҳо 838 нафар маъюбро бо сабаби вазнин будани ҳолати бемориашон дар хона, беморхона ва хона-интернатҳо аз муоинаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ гузаронидаанд.

Инчунин, аз тарафи масъулини хадамот рўйхати 486 нафар довталабони маъюбе, ки барои дохил шудан ба донишкадаҳои ҷумҳурӣ аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ ба 390 нафари онҳо хулосабарорӣ карда шуд.

Тавре огоҳ ҳастем, моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе аввалин Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон баргузор мегардад. Дар бораи мақсад ва ҳадафҳои баргузории форум каме маълумот медодед.

-Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон, ки 18 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дастовардҳо ва ҳуҷҷатҳои шахсони дорои маъюбиятро инъикос менамояд. Он ҳамчунин ба пешбурди фаъолият, шарикӣ, омори соҳа ҷиҳати таъмини тағйиротҳои дарозмуддат барои шахсони дорои маъюбият дар Тоҷикистон ва мусоидат ба татбиқи Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ва ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор барои шахсони дорои маъюбият дар мутобиқат бо Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои солҳои то 2030 равона гардидааст.

Форуми байналмилалӣ имкон медиҳад, ки ҷараёни татбиқи Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» ва баҳодиҳии таъсири Барномаи миллӣ ба ҳаёти одамони дорои маъюбият, оилаҳои онҳо баррасӣ гардад. Форум чорабиние мешавад, ки ба пешбурди масъалаҳои маъюбӣ ва ташкили майдони муҳокима бо иштироки намояндагони сатҳи баланди Ҳукумат, иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ, муассисаҳои махсуси Созмони Миллали Мутттаҳид, ташкилотҳои ҷамъиятии байналмилалӣ ва маҳаллӣ, дигар шарикони рушд, ҳамчунин, васоити ахбори омма мусоидат хоҳад кард.

– Ташаккур барои суҳбат!

Суҳбаторо ХУСРАВ ШОҲСАИДОВ

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 1,082
  • 1,168
  • 841,568