Ошкорсозӣ ва табобати бемории сили кӯдакон дар Тоҷикистон

Ошкорсозӣ ва табобати бемории сили кӯдакон дар Тоҷикистон
Май 01
16:04 2019

Якуми майи соли равон дар меҳмонхонаи “Сирена” дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ташкилоти байналмилалии башардӯстонаи тиббӣ “Духтурон бидуни марз” таҳти унвони “Ошкорсозии бемории сили ба дорувориҳо устувор дар кӯдакон, нигоҳубин ва табобати он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муаррифии ҳисобот оид ба модули истифодашуда дар муолиҷаи бемории мазкурро баргузор намуданд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саида Умарзода ҳусни оғоз бахшид. Ӯ изҳор намуд, ки талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба беҳтарсозии саломатии кӯдакон, ғизои онҳо, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сили кӯдакон хеле назаррас ҳастанд.

-Махсусан, солҳои охир дар доираи Барномаи миллӣ оид ба мубориза бо бемории сил дар самти пешгирии бемории сили кӯдакон корҳои мушаххаси зиёде анҷом дода шуданд. Ташкили чорабинии имрӯза худ гувоҳи онанд, ки дар мавриди пешгирии сили кӯдакон қадамҳои устувор гузошта шудаанд,-афзуд ӯ

Сипас Намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марта Эверард суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҳарчанд бемории сил табобатшаванда аст, вале масъалаи ташвишовар дар тиб мебошад. Аз ин рӯ, бо он бояд муборизаи муташаккилона бурд.

Дар идома оид ба вазъи бемории сил дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва кишварӣ Бобоҷон Пирмуҳаммадзода, муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”, оид ба барҳам додани даври беморӣ, ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти байналмилалии башардӯстонаи тиббӣ “Духтурони бидуни марз” Себастиен Гай, намояндаи кишварии “Духтурон бидуни марз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба дарёфти системавӣ ва фаъолонаи  ҳолатҳои нави беморӣ: раванд ва натиҷаҳои пайгирии тамосҳо Зумрад Ҳамроева, ёвари ҳамоҳангсози тиббии ташкилоти байналмилалии башардӯстонаи тиббӣ “Духтурон бидуни марз” дар Тоҷикистон, оид ба такмили ҷамъоварии намунаҳо (балғам ва фазла) ва усулҳои ташхисӣ Нана Заркуа, машваратчии кишварӣ доир ба бемории сил,  оид ба пешгирии бемории сил тавассути ташхис ва табобати сирояти сили ниҳонӣ (латентӣ) Патрисиян Нёнӣ, ҳамоҳангсози тиббии ташкилоти байналмилалии башардӯстонаи тиббӣ “Духтурон бидуни марз” дар Тоҷикистон баромад намуданд.

-Новобаста аз мушкилотҳое, ки бо ташхис ва табобати бемории сил дар байни кӯдакон алоқамандӣ доранд, мо дар Тоҷикистон нишон додем, ки тавассути дар маркази диққат гузоштани бемор, ба воситаи дору ва реҷаҳои табобатии нав, ташкил намудани усули фаъолона дарёфткунии беморон, инчунин дарёфт кардан ва табобат намудани бемории сил дар байни кӯдакон имконпазир мебошад. Дар Тоҷикистон мо навгониҳоеро, аз қабили доруҳои нав ва реҷаҳои табобатии (комбинатсияҳои) нав амалӣ намудем, чунки мо медонем  ин усулҳо натиҷа медиҳанд ва  барои аз байн бурдани ин беморӣ мо боз ҳам содиқу устувор боқӣ мемонем,-қайд намуд Себастиен Гай, намояндаи ташкилоти байналмилалии “Духтурон бидуни марз” (ДБМ) дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти байналмилалии башардӯстонаи тиббӣ “Духтурон бидуни марз” аз соли 2011 ин ҷониб дар шаҳри Душанбе лоиҳаи “Табобати ҳамаҷонибаи бемории сил дар байни кӯдакон”-ро амалӣ намуда истодаанд, ки мақсадии асосии он беҳтар кардани ташхис ва табобати бемории сил дар байни кӯдакон ва беҳбуд бахшидани дастрасӣ ба табобати ҳамаҷонибаи бемории  мазкур мебошад.

Бемории сил яке аз бемориҳои сироятии аз ҳама марговартарин дар олам мебошад. Соли 2017 дар тамоми олам қариб 10 миллион нафар  ба бемории сил гирифтор шуданд, ки дар натиҷаи он 1,6 миллион нафари онҳо аз олам даргузаштанд. Илова бар ин, бемории сил метавонад ба қишри аз ҳама осебпазиртарини ҷомеа бештар таъсири манфӣ расонад.

Аз ҷумла, соли 2017 дар саросари олам 1 миллион нафар кӯдакон ба бемории сил мубтало гашта, 230 000 нафари онҳо  аз ин беморӣ фавтиданд.

Бемории сил табобатшаванда аст. Тавассути ташхис ва табобати саривақтӣ мо метавонем бемории силро аз байн барем.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 12
  • 680
  • 1,242
  • 949,700