Боздиди Зулфия Абдусаматзода аз Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов

Боздиди Зулфия Абдусаматзода аз Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов
Август 02
13:27 2021

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, таҳлили вазъи кунуни  соҳа, бартараф  намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ  имрӯз, 2 августи соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода ба Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов  ташриф оварда, бо вазъи хизматрасонии муассисаи мазкур шинос шуд.

Мавсуф  дар маркази номбурда бо фаъолияти шӯъбаҳои беморхона, ҳолати таҷҳизотҳои тиббие, ки чанде қабл бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ ва дастрас карда шуда буданд,  таъмини беморон бо маводи доруворӣ ва хурокворӣ, ҳолати санитарию гигиении шуъбаҳо ва бо таърихҳои беморон аз наздик шинос  гардид.

Инчунин, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо роҳбарият ва кормандони беморхонаи мазкур суҳбати озоду ошкоро анҷом дода, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 355
  • 989
  • 887,709