Ҷаласа дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат (АКС)

Ҷаласа дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат (АКС)
Май 17
09:23 2019

Субҳи 17 майи соли равон бо мақсади омӯзиши матни суханронӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 майи соли 2019 баён доштанд, ҷаласаи васеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, муовинони вазир Саида Умарзода ва Мирҳамуддин Камолзода, ёрдамчии вазир Дилором Содиқова, муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Умедҷон Юсуф, сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказии вазорат, хадамотҳо, агентӣ ва роҳбарони муассисаҳои зерсохтори вазорат иштирок намуданд.

Чорабинии мазкурро Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла қайд намуд, ки як қатор эродҳое, ки Сарвари давлат зимни мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар таъкид намуданд, ба сохторҳои марбутаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дахл доранд.

-Мақсад аз ҷамъомади имрӯзаи мо  ин дарки масъулияти зиёд аз ҷониби ҳар як хизматчии давлатӣ, аз роҳбар то корманди зинаи аввалияи тамоми муассисаҳои тандурустию ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла кормандони сохторҳои молиявию маъмурии корхонаҳо, инчунин, мутасаддиёни агентиҳои татбиқкунандаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои иҷрои софдилонаи ӯҳдадориҳои вазифавии худ, таъмини низоми босубот, одоби муошират, танзими фаъолияти боадолат, ахлоқи ҳамида ва ҷавобгӯи талаботҳои қонунгузории амалкунанда мебошад,-афзуд ӯ.

Аз ҷумла, таъкид гардид, ки вақтҳои охир новобаста аз талошҳои ҳамарӯзаи масъулони соҳа ҳодисаҳои қонунвайронкуниҳо дар тартиби додани варақаҳои корношоямии муваққатӣ ошкор карда шудаанд.

Инчунин, яке аз масъалаҳои дигаре, ки дар меҳвари ин ҷаласа қарор дошт, санҷиши ҳолатҳои таъмини нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки вобаста ба мушкилоти ҷойдошта аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ вусъат дода мешаванд.

Ҳамзамон аз ҷониби кормандони Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ ба ҳама шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ шахсони масъул ҷиҳати таҳлили вазъи ташхиси тиббию иҷтимоии маъюбон сафарбар гардида, масъалаи мазкур дар ҷаласаи махсуси мушовараи вазорат мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Инчунин, ҷиҳати омӯзиши вазъи таъиноти гурӯҳҳои маъюбӣ, пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, аз он ҷумла нафақапулиҳои маъюбӣ гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини вазир Шодихон Ҷамшед ба вилояти Суғд сафарбар карда шудааст.

Дар идомаи ҷаласа доир ба ҷой доштани ҳолатҳои коррупсионӣ дар соҳаи тандурустӣ муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Умедҷон Юсуф  баромад намуд.

Пас аз баромади  Юсуфзода Умедҷон Юсуф таъкид гардид, ки роҳбарият ва кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру тавсияҳои роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, қотеъона бо ин раванди номатлуб дар байни кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мубориза бурда, ҷиҳати пешгирии сар задани ҳодиса ва амалу рафторҳои ношоиста, ки барои содир гардидани ҷиноят сабабгор шудаанд, тамоми саъю кӯшишу худро равона менамоянд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода изҳор намуд, ки тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарон садақаи фитрро ҳамчун кӯмак бояд ба ашхоси эҳтиёҷманд, яккаву танҳо, ятимону бепарасторон, шахсони имконияташон маҳдуд, хона-интернатҳо ва дигар муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супоранд.

Дар фарҷоми ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки ҳар як шахси масъули соҳа ҷиҳати иҷрои ин дастуру супоришҳои Сарвари давлат бояд омода бошад, зеро натиҷаи меҳнат ва маҳсули кори мо ин беҳбудии солимии миллат аст.

Ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказии вазорат, хадамотҳо, агентӣ ва роҳбарони муассисаҳои зерсохтори вазорат  аз ҷониби вазир супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 997
  • 1,242
  • 950,017