Шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ

Шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ
Май 07
15:33 2024
Имрӯз, 7-уми майи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти Муассисаи давлатии «Осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон»-и ноҳияи Варзоб ва Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” шинос шуд.
 Зикр намудан ба маврид аст, ки шурӯъ аз 6-уми майи соли ҷорӣ мавсими табобату истироҳат дар Муассисаи давлатии «Осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон» – и ноҳияи Варзоб оғоз гардид.
Аснои боздид аз муассисаи номбурда Ҷамолиддин Абдуллозода бо шароит ва имконоти он барои истироҳату табобати собиқадорони ҷангу меҳнат шинос шуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолият ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” низ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти хизматрасонии он боздид ба амал овард.
Бояд гуфт, ки тавонбахшии маъюбон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба шумор рафта, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.
Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб яке аз муассисаҳои фаъол дар самти ба тавонбахшӣ фаро гирифтани кӯдакони маъюб ба шумор меравад, ки дар он тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 319
  • 989
  • 887,673