Ҷашни кӯдакон дар “Чорбоғ” (АКС)

Ҷашни кӯдакон дар “Чорбоғ” (АКС)
Июн 03
09:06 2019

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки 1 июн дар сар то сари ҷаҳон таҷлил мегардад, дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии тавонбахшӣ барои кӯдакон ва наврасони «Чорбоғ» чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ва дигар масъулини соҳа иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед зимни суханронии хеш аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа ёдовар шуда, аз ҷумла иброз намуд, ки кӯдакон ва наврасон зери ғамхории Сарвари давлат қарор доранд.

Пас аз ироаи табрикот Шодихон Ҷамшед ба шӯъбаи тавонбахшии марказ, ки дар он кӯдакон бо модаронашон ба тавонбахшии 21-рӯза фаро гирифта мешаванд, аз номи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2 адад телевизор тақдим намуд.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони маъруфи кишвар Нобовар Чаноров, Зиёвиддин Нурзод, ҳунармандон Толибҷон Мирзоалӣ ва Ҷонибек Назаров барномаи пурмуҳтавои консертӣ ба иштирокчиён пешниҳод гардид.

Қобили зикр аст, ки Муассисаи давлатии «Маркази миллии тавонбахшӣ барои кӯдакон ва наврасони «Чорбоғ»  дар ҷумҳурӣ ягона марказест, ки кӯдакон давраҳои тавонбахшӣ гирифта, ба модаронашон усулҳои пешниҳоди тавонбахшӣ дар шароити хона омӯзонида мешаванд. Маркази мазкур соле то 480 нафар кӯдакон ва ҳамин қадар модарони онҳоро фаро мегирад. Ҳамзамон, барои будубоши муваққатии 200 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд аз оилаҳои ятим дар шароити душвори зиндагӣ қарордошта шароити арзанда фароҳам оварда шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 1,066
  • 1,242
  • 950,086