Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар байни профессорон ва омӯзгорони кафедраҳои тахассусии факултети нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ мониторинги фаъолияти лоиҳаи TUTORIAL “Мустаҳкамкунии шабака оид ба омӯзиш, илм ва инноватсия дар соҳаи беҳдошти муҳити зист дар Осиё”, ки бо дастгирии барномаи Erasmus+ амалӣ мегардад, баргузор гардид.
Мониторинг аз ҷониби танзимгари миллии барномаи Erasmus+ дар Тоҷикистон Зарина Нуридинова гузаронида шуд.
Бино ба иттилои сомонаи донишгоҳи мазкур, дар оғози мониторинг муовини ректор оид ба таълим, доктори илмҳои тиб, профессор Саидмуқим Ибодов меҳмононро хайрамақдам гуфта, қайд кард, ки ҳадафи аввалини Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино омода намудани мутахассисони баландихтисоси тиббии ба талаботи замонавии бозори меҳнат ҷавобгӯ мебошад.
Қайд карда шуд, ки дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур барномаҳои таълимӣ барои магистрон ва PhD докторантҳо дар соҳаи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ, беҳдошти муҳити зист ва беҳдошти меҳнат аз нав дида баромада, онҳо ба талаботи замонавӣ омода ва тасдиқ карда шуданд.
Солеҳ Шарипов, танзимгари лоиҳа дар ҳисоботи худ қайд намуд, ки 25 омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино дарсҳои интенсивии забони англисӣ ва омӯзгорони кафедраҳои тахассусии факултети нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ омӯзишҳоро дар донишгоҳҳои Аврупо барои баланд бардоштани ихтисоси худ гузаштанд. Омӯзишҳо дар донишгоҳҳои Аврупо дар мавзӯҳои банақшагирӣ, коркард ва омӯзиш дар асоси маводҳои электронӣ бо истифода аз намуди омӯзиши омехташуда дар соҳаи беҳдошти муҳити зист (MLE) гузаронида шуд.
Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур харидории дастгоҳҳои лаборатории замонавӣ барои гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи беҳдошти муҳити зист ва омӯзиши PhD докторантҳо дар донишгоҳҳои Аврупо ба нақша гирифта шудааст.