Насим Олимзода: Хатми бомуваффақияти Донишгоҳи тиббӣ мояи ифтихор аст

Насим Олимзода: Хатми бомуваффақияти Донишгоҳи тиббӣ мояи ифтихор аст
Июн 11
08:13 2019

Дар толори Синои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино маросими хатми тантанавии донишҷӯёни донишгоҳ, ки аз курсҳои олии таълимӣ гузашта, аттестатсияи давлатиро бомуваффақият супоридаанд, баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи донишгоҳи мазкур, дар маросими супоридани дипломҳо Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадшоҳ Гулзода, Сардори хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султон Бекмуродзода, ҳамчунин ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ва волидони хатмкунандагон иштирок намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода зимни ироаи таманниёти табрикӣ ба хатмкунандагон иброз намуд, ки хатми бомуваффақияти ин муассисаи бонуфузи таълимӣ мояи ифтихор аст. Ӯ таъкид намуд, ки ҳамасола дар баробари донишҷӯёни ватанӣ, шаҳрвандони ҳориҷӣ низ донишгоҳро хатм менамоянд, ки ин далели дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидани мавқеи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Аз ҷумла соли ҷорӣ  123 нафар донишҷӯ аз 7 кишвари хориҷӣ ин муассисаи бонуфӯзи тиббии кишварро хатм менамоянд.

Ректори донишгоҳи мазкур профессор Маҳмадшоҳ Гулзода донишҷӯёни хатмкунандаро барои анҷоми бомуваффақияти донишгоҳ таҳният намуда, бо таваҷҷуҳ ба мавқеи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар омода намудани кадрҳои тиббии кишвар қайд намуд, ки донишгоҳ тӯли 80 соли фаъолияти босамар бештар аз 43000 мутахассиси дорои таҳсилоти олии тиббиро тайёр намудааст ва онҳо на танҳо дар дохили кишвар, ҳатто берун аз он низ маъруф гардидаанд.

Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо муроҷиат ба хатмкунандагон таъкид намуд, ки ба даст овардани диплом оид ба хатми донишгоҳ– ин маънои хотима не, балки давомнокӣ ва оғоз намудани роҳ ба сӯи илм, ҷараёни мураккаб, самарабахш, вале ҷолиб ва шаъну шараф мебошад. Дар пеш хатмкунандагонро санҷиши муҳимтарини касбӣ интизор аст.

Ректори донишгоҳ бо боварии комил баён намуд, ки хатмкунандагон аз уҳдаи вазифаҳои муқарраргардида ба хубӣ баромада, фаъолияти худро дар соҳаи илм ва тандурустӣ бо шаъну шараф идома хоҳанд дод.

Ҳайати профессорону омӯзгорони ба номи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  Абӯалӣ ибни Сино хатмкунандагони худро табрик намуда, дар корҳои касбӣ ва илмӣ-тадқиқотии минбаъдаи онҳо комёбиҳои беназир таманно карданд.

Қобили зикр аст, ки дар соли таҳсили 2018-2019  1556 нафар донишҷӯёни донишгоҳи мазкур соҳиби маълумоти олии касбӣ аз рӯи 5 ихтисос гардиданд, ки 123 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ аз 7 кишвар мебошанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,059
  • 1,242
  • 950,079