Майдончаи варзишӣ-туҳфаи нави вазорат ба наврасону ҷавонон

Майдончаи варзишӣ-туҳфаи нави вазорат ба наврасону ҷавонон
Июн 26
08:00 2019

22 июни  соли равон дар кӯчаҳои Н.Қарабоев-10 ва Мушфиқӣ 85-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи майдончаи варзишӣ, бозии кӯдакон ва истироҳати калонсолон  баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи расмии майдончаи варзишӣ, бозии кӯдакон ва истироҳати калонсолон дар мавзеи зикргардида Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Олим Раҳимзода, раиси ноҳияи Фирдавсӣ Юсуфӣ Муҳаммадраҳим, сардори Муассисаи давлатии “Раёсати кор бо мактабҳо ва иншоотии варзишӣ”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Раҳматулло Камолов, инчунин роҳбарону кормандони дастгоҳи марказии вазорат, хадамотҳо, муассисаҳои тандурустию ҳифзи иҷтимоӣ, фаъолону шаҳрвандон, аҳли ҷамоатчигӣ ва истиқоматкунандагони мавзеи иншооти сохташуда иштирок намуда, аз куллан дигаргун гардидан ва ободу зебо гаштани мавзеи ҷойгиршудаи майдончаи варзишӣ, бозии кӯдакон ва истироҳати калонсолон ва масоҳати гирду атрофи он фикру ақидаҳои худро изҳор доштанд.

Аз ҷониби иштирокчиён қайд карда шуд, ки бунёди чунин иншоотҳо ва баргузории корҳои ободониву созандагӣ маҳз бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардида, аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз оғоз то ба интиҳои корҳои сохтмонии майдончаи мазкур дастгирии амалӣ ёфта, барои наврасони ин маҳалла мавзеи хуби фароғатию бозӣ омода гардид.

Корҳои сохтмонии майдончаи варзишӣ, бозии кӯдакон ва истироҳати калонсолон дар иншооти мазкур 576 ҳазору 317 сомониро дарбар гирифта, аз ҷониби пудрачии иншоот корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расонида шудааст.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 962
  • 1,242
  • 949,982