Анҷумани дуюми табибони Тоҷикистон баргузор шуд

Анҷумани дуюми табибони Тоҷикистон баргузор шуд
Июн 29
17:44 2019

29 июни соли 2019 дар толори Синои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Анҷумани дуюми табибони Тоҷикистон таҳти унвони “Усулҳои муосири пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои соматикӣ” баргузор шуд.

Дар чорабинии макзур Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, муовинони вазир Саида Умарзода, Азиз Одиназода, Шодихон Ҷамшед, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшо Гулзода, директорони муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, сардорони хадамот ва раёсатҳо, дар маҷмӯъ беш аз 400 нафар олимони шинохта ва мутахассисони варзидаи соҳаи тибби мамлакат иштирок намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, дар мавзӯи “Дастовардҳои соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуд. Таъкид гардид, ки аз Анҷумани якуми табибони кишвар панҷ сол сипарӣ гашта, дар ин давра таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азиз ба мамлакати ободу гулгулшукуфон табдил ёфтааст. Дар раванди дастовардҳои беназири иқтисодӣ соҳаи тибби кишвар низ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид:

– Марҳилаи панҷсолаи аз анҷуман то анҷуманро бо ташаккули заминаи меъёрӣ ҳуқуқӣ дар мисоли Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурзӯр шудани нерӯи инсонӣ тавассути ду маротиба афзоиш ёфтани шумораи кадрҳои тайёршуда, татбиқи усулҳои муосири ташхисию табобатӣ, ки барои пешрафти соҳа такони ҷиддӣ бахшидааст, беҳтар гардидани шароити иҷтимоиву иқтисодии кормандони соҳа зимни зиёд гардидани маош, стипедия, кӯмакпулиҳо ва таъмин намудан бо манзили зист ва қитъаи замин ва ғайра мусбӣ арзёбӣ намудан аст,-афзуд ӯ.

Дар идома вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар изҳор намуд, ки асоси кори анҷумани имрӯза муайян намудани ҳадафҳои нави фаъолият барои панҷ соли оянда мебошад:

-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти ҳамаҷонибаи соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа – илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоиро яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруро амалӣ карда истодааст,-гуфт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода.

Ҳамчунин аз ҷониби вазир таъкид гардид, ки кормандони соҳа ба масъалаҳои сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ, одоби баланди касбӣ, муоширати дилсӯзонаву инсонпарварона диққати ҷиддӣ дода, барои аз байн бурдани амалҳои номатлуб монанди ришваситонӣ, хунукназарӣ, дағаливу саҳлангорӣ талош варзанд, то дар байни мардум ақидаҳои манфиву норозигӣ нисбати табибон вуҷуд надошта бошад.

Баъдан аз рӯи масъалаҳои матраҳшаванда баромадкунандагон маърӯзаҳои худро оид ба муоширати касбӣ, стратегияи солимии ҷомеа ва сиёсати тандурустӣ, тибби инноватсионӣ, дастовардҳои тибби амалӣ, масъалаҳои мубрами пешгирӣ ва табобати бемориҳои диабети қанд, гепатитҳои вирусӣ, тибби оилавӣ, соҳаи ҷарроҳӣ, солимии репродуктивӣ, омодасозии кадрҳои тиббӣ, технологияҳои инноватсионии таълим ва ғайра пешниҳод намуданд.

Мудири кафедраи “Фанҳои ҷомеашиносӣ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои фалсафа, профессор А.С. Саидов дар мавзӯи “Ҷанбаҳои ахлоқӣ ва маънавии муносибати бемору табиб” баромад намуда, паҳлуҳои ҷудогонаи масъаларо муфассал баррасӣ намуд. Ӯ бо овардани мисолҳо аз табибони қадимиву ҷаҳонӣ изҳор дошт, ки ба масъалаи муносибати табибу бемор якҷониба баҳо додан он қадар дуруст нест. Бино ба гуфтаи ӯ, на танҳо табибон, балки беморону наздикони онҳо низ бояд меъёрҳои ахлоқи ҳамидаро дар муносибат бо табибон риоя намоянд. Аз ҷумла бемор низ аз доштани сифатҳои хуби ахлоқии рафтор ва муошират бо пизишк набояд орӣ бошад.

Мавзӯи дигар “Масъалаҳои мубрами соҳаи ҷарроҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он” буд, ки онро Аҳмадзода С.М.- сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷарроҳӣ, аъзои вобастаи Академияи илмҳои тиб манзури иштирокчиён намуд. Тибқи иттилои номбурда, табибони ҷарроҳ дар кишвар – 5832 (31%), номзади илми тиб – 302 (61%), доктори илми тиб  –  61 (43%), нафар буда, давоми 5 сол 273186 амалиёти ҷарроҳӣ:168186- статсионарӣ, 105000- амбулаторӣ гузаронида шуда, 236 усули нави табобат дар кишвар ҷорӣ карда шудааст.

Аз ҷумла эндолигировании  варидҳои  сурхрӯдаву  эндоҷарроҳии  инсулинома, амалиёти “гибридӣ”-и рагҳои хунгард, коронароангиопластика ва стентгузории таъҷилӣ ба беморони синдроми шадиди коронарӣ,  ҷарроҳии нави барқарорсозанда ҳангоми нуқсонҳои ниҳоят мураккаби баъдиосебии рагу асабҳо, аутопайванди мағзи устухон, бартараф намудани нуқсонҳои модарзодии дил бо усули “Amplatz”,  адреналэктомияи лапароскопӣ ва бисёри дигар аз усулҳои нави табобат ба ҳисоб мераванд, ки дар пажӯҳишгоҳҳои соҳа ҷорӣ карда шудааст.

Дар идома оид ба “Гепатитҳои музмини вирусӣ, пешгирӣ ва усулҳои муосири табобат” маърӯзаи Азимзода С.М., директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии Тоҷикистон”, доктори илмҳои тиб шунида шуд. Ҳамчунин  З.Я. Раҳимов, сармутахассиси соҳавии вазорат оид ба бемориҳои дил ва фармакологияи клиникӣ дар мавзӯи “Натиҷаҳои таҳлили сифатнокии истифодабарии протоколҳои клиникӣ” баромад намуд.

Дар охир вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода баргузории анҷуманро барои рушди соҳа муҳим шуморида гуфт:

-Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми табибони кишварро даъват менамоям, ки ҳар соату ҳар рӯз дар роҳи ҳифзи солимии мардум қуввату тафаккури худро дареғ надошта, барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ ба аҳолӣ тамоми нерӯи зеҳниву маънавӣ ва саъю кӯшиши худро равона намуда, сазовори номи ворисони Синои бузург бошем. Бигзор ибораи “Табиби ман -ҳабиби ман” дар воқеият унвони арзандаи кормандони соҳаи ҳифзи солимӣ ва иҷтимоии кишвар бошад. Иқдоми таҳия ва қабули “Кодекси ахлоқи табиби Ҷумҳурии Тоҷикистон” низ бо ҳамин сабаб оғоз ёфтааст. Бо умеди фардои нек боз такрор мекунам, ки табибони мамлакати Синову Рӯдакӣ, Фирдавсиву Ҷомӣ, Саъдиву Хайём таҷассумгари анъанаҳои беҳтарини илми тиб, фарҳангу маданияти тоҷикон хоҳанд гашт.

Вобаста ба баргузории чорабинии мазкур чанд тан аз иштирокчиён фикру андешаҳои хешро чунин баён намуданд:

 Тоҳир Тағоев,  Директори Муассисаи давлатии  Маркази  ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ:

-Хушбахтона сол то сол соҳаи тандурустии кишвар рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Бо боварии комил метавон гуфт, ки илми тибби Тоҷикистон имрӯз дар қатори илми тибби кишварҳои пешрафтаи дунё қарор дорад. Имрӯз дар Тоҷикистон ҷарроҳиҳои гуногун гузаронида мешаванд, ки ин аз пешрафти бомароми соҳа дарак медиҳад. Анҷумани дуюми табибони кишвар  майдони хубе барои ба ҳам омадани олимону мутахассисони соҳаи тиб гардид, ки онҳо метавонанд бо ҳам табодули таҷриба намуда, аз дастовардҳои ҳамдигар огоҳ бишаванд ва бо ин роҳ  пешравиҳои илми тибби кишварро муаррифӣ намоянд. Тавре дар анҷумани имрӯза таъкид карда шуд, давоми 5 соли охир  соҳаи илми тибби кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, тӯли ин муддат дар баробари ворид намудани технологияи муосир, инчунин дар кишвар ҷарроҳиҳои гуногуни ҷадид гузаронида шуданд. Умедвор ҳастем, ки то Анҷумани навбатӣ низ илми тибби Тоҷикистон боз ҳам ба зинаҳои баланди муваффақият хоҳад баромад.

 Директори Муассисаи давлатии Пажуҳишгоҳи  илмию клинкии  стоматология  ва  ҷарроҳии ҷоғу рӯй” Маҳмадулло Қосимов:

-Соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳим ба шумор меравад. Далели ин гуфтаҳо пайваста дастгирӣ ёфтани соҳа аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Боиси сарфарозист, ки тайи солҳои охир дар пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе якчанд чорабиниҳои сатҳи баланд  вобаста ба соҳаи тандурустӣ  баргузор мегарданд. Анҷумани дуюми табибони Тоҷикистон аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳими соҳа ба шумор меравад, ки имрӯз тамоми кормандони соҳа, олимону устодонро  дар ин толор сарҷамъ намуд. Анҷумани мазкур агар аз як тараф  барои сарҷамъ намудани табибони кишвар мусоидат намояд, аз ҷониби дигар баҳри рушди соҳаи илми тибби кишвар заминаи мустаҳкам мегузорад. Яъне як фазои мусоиди муколамаи кормандони соҳа ба миён меояд, ки табибони ҷавон метавонанд аз таҷриба ва донишу малакаи устодони соҳа барои худ бисёр чизҳоро биомӯзанд.

Бояд қайд намуд, ки Муассисаи давлатии  “Пажӯҳишгоҳи  илмию клинкии  стоматология  ва  ҷарроҳии ҷоғу рӯй низ дар баробари дигар муассисаҳои зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли чанд соли охир ба дастовардҳои назаррас ноил  гардидааст.  Мо  тамоми кӯшиш ва талоши худро бар он равона месозем, ки то анҷумани минбаъда фаъолияти хешро боз ҳам беҳтар ба роҳ монда,  ба муваффақиятҳои нав ба нав ноил бигардем.

 Аъзамҷон  Шарифхоҷаев, роҳбари шабакаи КАТСи муассисаҳои ноҳияи Сангвор

-Анҷумани дуюми  табибони Тоҷикистон агар бигуем, ки фаъолият ва муваффақияту дастовардҳои панҷсолаи соҳаи тибби кишварро аз ҳар ҷониб  муаррифӣ менамояд, хато нахоҳем кард. Тавре имрӯз аз маърузаи баромадкунандагон маълум гардид, тӯли ин панҷ сол соҳаи тибби кишвар ба таври бесобиқа пеш рафтааст. Шурӯъ аз гузаронидани ҷаророҳиҳои гуногуни душвор, то ворид намудани технологияи навтарини ҷавобгӯ ба талаботи замон ва инчунин омода намудани мутахассисони баландихтисос. Анҷумани дуюми  табибони Тоҷикистон, ки пас аз панҷ сол доир карда мешавад, тамоми кормандони ин соҳаро бори дигар ба он руҳбаланд мекунад, ки то анҷумани дигар кӯшишу талоши зиёд намуда, дар фаъолияти хеш боз ҳам масъулиятшинос бошанд. Бинобар ин, фикр мекунам аз ҳар ҷониб баргузор намудани чунин як анҷумани баланд барои  рушду пешравии соҳаи тибби кишвар заминаи мустаҳкам мегузорад.

 Исфандиёр Надировҷонишини сартабиби Беморхонаи клиникии  шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе:

-Анҷумани дуюми табибони Тоҷикистон бисёр дар сатҳи баланд гузашт.  Имрӯз бо омадан ба ин даргоҳи муқаддас бори дигар аз давраҳои донишҷӯии хеш ёд  кардам. Дидори устодон ва ҳамкурсон бароям муяссар гардид. Инчунин дар рафти анҷуман аз навовариҳои  соҳаи тандурустии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ бархурдор гаштам. Фахр мекунам, ки иштирокчии Анҷумани дуюми  табибони Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидам. Бояд гуфт, ки  баргузории  чунин анҷуман дар ҳақиқат ба рушди илми тибби тоҷик  такони ҷиддӣ мебахшад. Ман ҳамчун як иштирокчӣ аз толор орзу намудам, ки дар чунин анҷумани сатҳи баланд ба мисли маърӯзачиён баромад намоям. Фикр мекунам, баргузор намудани чунин чорабиниҳои сатҳи баланди соҳавӣ барои табибони ҷавон аз ҳар ҷониб ба манфиат мебошанд. Зеро ҷавонон маҳз бо иштирок дар чунин ҳамоишҳо тарзи баромад ва маъруза намудан дар чорабиниҳои сатҳи баландро меомӯзанд. Аз маърӯзаи баромадкунандагон ба худ ғизои маънавӣ мебардоранд ва бо ин роҳ дониш ва таҷрибаи хешро такмил медиҳанд.

 Атҳамбек Ҳасанов, роҳбари шабакаи КАТСи муассисаҳои ноҳияи Масчоҳ

-Инак, пас аз панҷ сол Анҷумани дуюми табибони  Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Аввалин маротиба дар ин чорабинӣ иштирок  менамоям.  Дар ин ҷо олимону устодони соҳа бисёр баромадҳои пурмазмун намуданд, ки фикр мекунам иштирокчиён аз онҳо ғизои маънавӣ гирифтанд. Он чи, ки мо дар ин анҷуман оид ба пешрафти соҳаи илми тибби кишвар шунидем, кӯшиш мекунем, ки онҳоро ба ҳамкасбони хеш ва мардуми шаҳру ноҳияҳое, ки фаъолият менамоем, бирасонем. Пас аз маърӯзаҳои пурмуҳтавои устодони соҳа банда бо як ҷаҳон таассуроти нек ба ноҳияи хеш бармегардам ва талош менамоям, ки аз таҷрибаи кории эшон дар фаъолияти худ низ истифода намоям. Бо боварии комил метавон гуфт, ки баргузории чунин анҷумани сатҳи баланд барои пешрафти илми тибби кишвар хеле зарур ва саривақтӣ мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 980
  • 1,242
  • 950,000