Тақдими 20 адад мошини ёрии таъҷилӣ ба ноҳияҳои дурдаст

Тақдими 20 адад мошини ёрии таъҷилӣ ба ноҳияҳои дурдаст
Декабр 25
17:36 2018

Рушди  хизматрасонии тиббӣ, баланд бардоштани сифати он ва таъмини тамоми шароит барои беҳдошти сиҳатии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи ҳамкориҳои судманд бо  шарикони рушд барои беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ дар навоҳии дурдасти кишвар тамоми чораҳо андешида мешаванд. Аз ҷониби Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”, ки дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ 20 адад мошинҳои ёрии таъҷилӣ бо арзиши 5 640 000 сомонӣ (ҳар яке 282 000 сомонӣ баробар ба 30 000 доллари ИМА) харидорӣ карда шуд. Ин нақлиёти санитарӣ ба муассисаҳои шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои Деваштич, Мастчоҳ, Фархор, Данғара, Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ишкошим дастрас карда мешаванд. Мошинҳои ёрии таъҷилиро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода ба роҳбарони шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар вазъияти тантанавӣ супорид ва ҳамзамон таъкид кард, ки дар назар аст ин мошинҳои ёрии таъҷилии тиббӣ ба сокинони деҳаҳои дурдасти ҷумҳурӣ, ки дар масофаи дур аз беморхонаҳо ва марказҳои ноҳиявӣ ҷойгиранд, хизмати босифат ва саривақтӣ мерасонанд.  Қайд кардан ба маврид аст, ки ин мошинҳо барои расонидани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ бо таҷҳозоти зарурӣ таъмин карда шуда, дар дохили он то ба интиқоли беморон ба беморхона ба маризон кӯмаки босифат расонидан мумкин аст. Зикр кардан ба маврид аст, ки аз ин мошинҳо бо сифати баланд ва эҳтиёткорона истифода бояд бурд.

Нақлиёти  ёрии таъҷилӣ, ки воридкунандаи он Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Ормон” аст, тамғаи “Фотон”, истеҳсоли корхонаи мошинсозии Ҷумҳурии халқии Хитой буда, ба тамоми меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Мошинҳои ёрии таъҷилӣ ба шароити  навоҳии Тоҷикистон мувофиқ гардонида шуда, барои таҳвили маризон ба беморхона ва расонидани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ мусоидат мекунад. Автомашина дорои 3 ҷои нишаст барои мутахассисони тиб, рахти хоб, замбари таҳвилдиҳанда, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, системаи зиддибактериявӣ ва дастгоҳи назорати иқлими дохилӣ мебошад.

Он аз назари техникӣ низ барои фаъолият дар навоҳии кишвар мутобиқ буда, чор адад резин барои чархҳо низ илова шудааст. Ин нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба Марказҳои саломатие пешниҳод гаштанд, ки аз маркази ноҳияҳо дар масофаи дуртар ҷойгир шудаанд ва шумораи аҳолиашон аз дигар деҳаҳо бештар аст.

Роҳбарони шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои болозикр аз ғамхориҳои пайдарпаи давлату Ҳукумати кишвар ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, кайд карданд, ки дастрасӣ ба ин нақлиёти ёрии таъҷилӣ кори онҳоро дар сатҳи деҳот ба маротиб осон намуда, барои расонидани кӯмаки саривақтӣ, таҳвили беморон ба беморхона ва маркази саломатии ноҳиявӣ мусоидат мекунад. Аҳолии дурдасти ин ноҳияҳо солҳост, ки орзуи марказҳои саломатии замонавӣ ва чунин мошинҳои ёрии таъҷилиро доштанд ва имрӯз, дар арафаи Соли нав пешниҳоди чунин тӯҳфаи арзандаро ба хушӣ пазируфтанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 662
  • 1,263
  • 842,411