ҲАМОИШ ДАР НОРАК: оид ба пешгирӣ, боздошти паҳншавии маводи нашъадор ва коҳиши оқибатҳои тиббию иҷтимоии он

ҲАМОИШ ДАР НОРАК: оид ба пешгирӣ, боздошти паҳншавии маводи нашъадор ва коҳиши оқибатҳои тиббию иҷтимоии он
Июл 02
14:12 2019

Бо мақсади «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши  ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» дар китобхонаи ба номи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Норак  бо иштироки намояндагони   Агентии назорати маводи нашъаовари назди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  вилояти Хатлон,  мудирони шуъбаю  бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроия ва  фаъолону ҷавонон суҳбати «мизи мудаввар» доир гардид.

Дар ҳамоиш намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовар, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак ва имомхатибону табибон оид ба вазъи имрӯзаи  гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мафҳумҳои «нашъаманд» ва «нашъаҷаллоб», гирифторӣ ба бемории нашъамандӣ, навъҳои маводи мухаддир, истеъмоли ин мавод аз нигоҳи дини мубини ислом маърӯза намуданд.

Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки ҳарчанд шумораи гирифторони ин беморӣ дар ҷумҳурӣ сол то сол коҳиш меёбад, аммо вазъи он ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад. Зеро барои он ки дар оянда тавонем ҷомеи пешрафта бунёд созем, ба мо насли солиму ояндасоз зарур аст.

Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» амал мекунад, ки дар заминаи татбиқи самараноки барнома чорабиниҳои амалӣ ба роҳ монда шудаанд.

Ҳадафи ниҳоии барнома пешгирӣ ва боздошти паҳншавии маводи фаъолкунанда, мониторинг, таҳлил ва баҳодиҳии вазъи нашъамандӣ, инчунин коҳиш додани оқибатҳои тиббию иҷтимоии он дар байни аҳолӣ ва тақвияти заминаҳои моддию техникии сохторҳои наркологӣ мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 970
  • 1,242
  • 949,990