Кадом шахсон ба табобат ва истироҳати ройгон имтиёз доранд?

Кадом шахсон ба табобат ва истироҳати ройгон имтиёз доранд?
Июл 16
07:52 2019

 Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 22-юми декабри соли 2017 дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд: «Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем».

Тазаккур бояд дод, ки бо мақсади солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ дар давоми панҷ соли охир аз ҷониби муассисаҳои истироҳатии системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11789 нафар имтиёздор ба табобату истироҳат ва тавонбахшӣ фаро гирифта шуданд.

Қобили зикр аст, ки баъд аз ба даст овардани истирқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба мисли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» ва инчунин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011, №603 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои таъмин намудани маъюбон бо табобати санаторию курортӣ» қабул гардид, ки чунин категорияи шахсон имтиёз ба гирифтани роҳхати санаторию курортии ройгонро барои табобату истироҳат доранд:

– иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ (модди 14, 25, 26, 27 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ветеранҳо”) ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳар сол як маротиба;

– иштирокчиён (ба шарте, ки онҳо барои корнамоиҳои ҷангӣ бо ду ва зиёда аз он бо орденҳои ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуда бошанд) ва маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, шаҳрвандоне, ки дар давраи муҳосираи шаҳри Ленинград (аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944) дар ин шаҳр истиқомат доштанд, шахсоне, ки дар давраи ҶБВ на камтар аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд ва барои меҳнати фидокорона дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд, собиқ асирони ноболиѓи конслагерҳои фашистӣ ва ветеранҳои меҳнат-дар ду сол як маротиба;

– ба шахсоне, ки ба онҳо нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст – дар ду сол як маротиба;

– ба шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ё корҳои рафъи оқибатҳои ин фалокат маъюб шудаанд ва ба оилаҳои бесаробонмондаи онҳо,  ҳар сол як маротиба.

– маъюбони  гурӯҳи I – дар  ду  сол  як маротиба, маъюбони гурӯҳи I нобино,  маъюбони гурӯҳи II, маъюбон аз овони кӯдакӣ – дар  се  сол  як  маротиба  ва ё – дар ду сол як маротиба бо пардохти 50% арзиши роҳхат таъмин карда мешаванд, ҳуқуқи бо худ гирифтани шахси роҳбаладро доранд ба истиснои маъюбони гурӯҳи II;

– маъюбони  гурӯҳи III,  ки кор намекунанд ва дар таъминоти дигар шахсон мебошанд,  дар ду сол як маротиба бо пардохти  50%  фоизи  арзиши роҳхат;

– ба маъюбоне,  ки кор мекунанд, дар ду соли тақвимӣ як маротиба бо роҳхат  аз  ҷои корашон ройгон  ё  бо пардохти 50% фоизи арзиши он аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ,  ки барои солимгардонии кормандон равона шудааст, дода мешавад;

– ба маъюбоне, ки дар истеҳсолот ҷароҳат бардошта, маъюб гаштаанд, аз ҷониби ташкилотҳое, ки дар  онҳо зарари ҷисмонию руҳӣ гирифтаанд, ҳар сол як маротиба бо роҳхати ройгон дода мешавад.

Дар ин радиф ба имтиёздорон расонида мешавад, ки тибқи тартиби муқарраргардида роҳхатҳои санаторию курортӣ аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  тавассути шуъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои маҳали зисташон дастрас гардонида мешаванд.

Аз ин рӯ, шахсоне, ки имтиёз аз истифодаи роҳхатҳои санаторию курортиро доранд, бо ҳуҷҷатҳои зерин: ариза, нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, барои кӯдакони маъюб – нусхаи шаҳодатнома  дар  бораи таваллуди кӯдак ва нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти намояндаи қонунии ӯ, нусхаи варақаи  санаторию  курортӣ, ки аз ҷониби маркази саломатии ҷойи зист маъюб ё ба дигар шахси имтиёздор дода мешавад, нусхаи маълумотномаи силсиладор дар бораи  маъюбӣ ва нусхаи барномаи инфиродии тавонбахшии маъюбон ба шуъба ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷойи истиқоматашон муроҷиат намоянд.

Сафаров ДАРВЕШ,

сардори шӯъбаи хизматрасонии

иҷтимоӣ дар муассисаҳои

будубоши доимии

Агентии давлатии ҳифзи

иҷтимоии аҳолӣ

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 980
  • 1,242
  • 950,000