Дирӯз, 16 июли соли равон дар меҳмонхонаи “Шератон”-и шаҳри Душанбе дар ҳамкории ширкати “Кимчёнг”-и кишвари Корея ва ширкати “Сифат Фарма”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ доир гардид.
Дар кори семинар мутахассисони самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ, намояндагони вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои “Кимчёнг” ва “Сифат Фарма” иштирок намуданд.
Дар семинари мазкур маҳсулоти ширкати “Кимчёнг” ба намоиш гузошта шуд, ки ҳозирин аз он дидан намуданд.
Қайд гардид, ки семинари мазкур дар доираи сафари Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ёнро, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 16 июли соли равон дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ёнро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқоти судманд доир ба ҷанбаҳои манфиатбори муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Корея, ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, гидроэнергетика, молияву бонкдорӣ ва бахши хусусӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, фармасевтика, илму маориф, фарҳанг, муҳоҷират, сайёҳӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар заминаи минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.