хонаҳои кӯдакон ба марказҳои дастгирии оила ва кӯдак табдил меёбанд

хонаҳои кӯдакон ба марказҳои дастгирии оила ва кӯдак табдил меёбанд
Июл 19
13:34 2019

Имрӯз, 19 июли соли равон дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе дар ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (Юнисеф) ва ташкилоти ҷамъиятии Ҳаёт дар оила” ҷаласаи машваратӣ оид ба раванди табдили хонаҳои кӯдакони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ба марказҳои дастгирии оила ва кӯдак гузаронида шуд.

Дар ҷаласаи мазкур муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода,  муовини сардори дафтари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (Юнисеф) дар Тоҷикистон Аферита Спаҳиу, мушовири байналмилалии дафтари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (Юнисеф) Рейчел Тейнш, сардори  Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Набиев,  сардори Шӯъбаи кӯдакону наврасони Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи вазорат Азиза Хоҷаева, намояндагони  ҳукумати шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Истаравшан, директорони марказҳои дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд, Истаравшан, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, намояндагони шӯъбаҳои  ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, мутахассисони Хонаҳои кӯдакон, намояндагони ташкилотҳои  байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Қобили зикр аст,  ки дар чаҳорчубаи гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикитсон Низомномаи нави марказҳои дастгирии оила ва кӯдак тасдиқ гардида, айни замон дар мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан оид ба табдил додани хонаҳои кӯдакон ба имзо расидаанд.

Ҳадафи тағйир додани хонаҳои кӯдакон ин пешгирӣ кардани изолятсияи иҷтимоии кӯдакони синну соли барвақтӣ ва томактабӣ буда, таъмини ҳуқуқи кӯдак барои инкишоф дар муҳити оила мебошад. Иваз намудани  сохтор барои таҳияи 5 хизматрасонии иловагии иҷтимоӣ дар дохили хонаи кӯдакон, аз ҷумла шӯъбаҳои дахолаткуни барвақтӣ, паноҳгоҳ барои модарони кӯдакони хурдсол дар ҳолати  буҳрон, инчунин хизматрасонии “Танаффус” шароит фароҳам месозад.

Дар рафти вохурӣ масъалаҳои раванди табдили сохтор ва вазифаҳои хонаҳои кӯдакони ҳозира, имкониятҳо ва монеаҳо, аз ҷумла баррасии шумораи мутахассисон ва кормандоне, ки бо фаъолияти марказҳои дастгирии оила ва кӯдак фаро гирифта мешаванд, такмили ихтисоси кормандон, баррасии маблағгузорӣ ва таҳияи санадҳои иловагии меъёрии марказҳои дастгирии оила ва кӯдак баррасӣ гардиданд.

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ ҷаласаи машваратиро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла иброз намуд, ки ҳифзи саломатии кӯдакон самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар давраи истиқлолияти мамлакат якчанд ҳуҷҷатҳои муҳими байналмилалӣ, аз қабили “Созишнома дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак” (с.1993) эътироф карда шудаанд.

-Дар асоси суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли  2014 вобаста ба бартарияти дар муҳити оила тарбия намудан ва соли 2015 ҳамчун “Соли оила” эълон шудан, Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Аз ҷумла бо фармоиши вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи намунавии Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдак” аз 11 июни соли 2018, №551  тасдиқ карда шуд.

Низомномаи мазкур бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” (моддаи 14), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” (моддаҳои 4, 8, 10), дар бораи амалисозии “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” банди 36, Нақшаи кории Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017 оид ба тасдиқ намудани низомномаи нави хонаи кӯдакон ва пайгирии фаъолияти онҳо доир ба татбиқи низомномаи нав бо ҷалби шарикони дахлдор қабул карда шудааст,-афзуд ӯ.

Аферита Спаҳиу, муовини сардори дафтари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (Юнисеф) дар Тоҷикистон дар баромади худ қайд намуд, ки баргузор намудани чунин чорабинӣ ба 30-солагии қабули “Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак” рост омад, ки ин аз таваҷҷуҳи Ҳукумат  ва Dазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кӯдакон дарак медиҳад.

Ӯ дар идомаи суханронии хеш таъкид намуд, ки Хазинаи кӯдакони СММ (Юнисеф) ҳамеша омодааст дар ин самт бо  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд.

Дар ҷаласаи мазкур гуфта шуд, ки табдилдиҳии Хонаҳои кӯдакони амалкунанда бо марказҳои  дастгирии оила ва кӯдак ҳамчун алтернатива ба шаклҳои нигоҳубин дар муассисаҳои буду боши доимӣ мебошад.

Мақсади фаъолияти ин муассисаҳо таъмин намудани манфиатҳои қонунии кӯдакон дар синну соли бармаҳал, ки ба ҳолати душвори зиндагӣ дучор шудаанд ва мусоидат намудан барои тарбия ва нигоҳубини онҳо дар муҳити оилаи муносиб мебошад.

Яке аз вазифаҳои асосии марказ пешгирӣ намудан аз саркашии волидайн вобаста ба тарбияи кӯдак ва мусоидат намудан барои ҳар чӣ зудтар баргаштани  кӯдак бо оилаи худ ба роҳи пешниҳоди хизматрасониҳои инноватсионии тиббию иҷтимоӣ ва усулҳои ба оилаҳои осебпазир нигаронидашуда иборат мебошад.

Дар идома доир ба “Рушди ҳуқуқи кӯдак барои тарбия дар муҳити оила. Трансформатсияи хонаҳои кӯдакон ба марказҳои дастгирии оила ва кӯдак (таҷрибаи марказҳои (Умед ва Марворид)” Азиза Хоҷаева, сардори Шӯъбаи кӯдакону наврасон ва рушди малакаи волидайни Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи “Раванди трансформатсия, имкониятҳо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он” Рейчел Тейнш, мушовири байналмилалии Дафтари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (Юнисеф), оид ба “Таҳлили вазъияти гузариши хонаҳои кӯдакон ба марказҳои дастгирии оила ва кӯдак” Заррина Қурбонбекова, мушовири миллии Дафтари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (Юнисеф) баромад намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласаи машваратӣ доир ба мавзӯъҳои баррасишуда миёни иштирокчиён саволу ҷавоб баргузор гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 973
  • 1,242
  • 949,993