Роҳбарият ва масъулини вазорат аз фаъолияти шабонаи муассисаҳои тиббии пойтахт дидан намуданд

Роҳбарият ва масъулини вазорат аз фаъолияти шабонаи муассисаҳои тиббии пойтахт дидан намуданд
Май 30
09:31 2020

Роҳбарият ва масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондааст.

Бо ин мақсад шаби 29 майи соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода ва Сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии  вазорат Обидҷон Аминов аз марказҳои саломатии шаҳрии №3 ва №5-и шаҳри Душанбе дидан намуданд.

Дар ҷараёни боздиди хеш муовини вазир ва сардори раёсати мазкур дар марказҳои саломатии болозикр  масъалаҳои назорати бемороне, ки дар қайди онҳо қарор дошта, дар хона табобат мегиранд, таъмини беморон бо маводҳои тиббӣ, саривақт расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон, шаби 29 майи соли равон як қатор сардорони раёсатҳои тандурустии  зерсохтори вазорат  аз якчанд муассисаҳои тандурустии пойтахт дидан намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз сафарҳои масъулони вазорат аз наздик ошно шудан бо фаъолияти табибон ва ҷараёни табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус дар муассисаҳои тандурустӣ, саривақт фаро гирифтани онҳо ба табобати хонагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ ва бемористонҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, таъмини табибон бо либосҳои муҳофизатӣ, ошкор намудани камбудиҳои муассисаҳо, мушкилоти табибон ва саривақт ба онҳо расидагӣ кардан мебошанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 777
  • 1,168
  • 841,263