Фаъолияти муассисаҳои тавонбахшии маъюбон беҳтар мегардад

Фаъолияти муассисаҳои тавонбахшии маъюбон беҳтар мегардад
Июл 22
10:44 2019

Ба пешвози  Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон

Дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии шаҳраки «Шифобахш» бо иштироки намояндагони  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, Хадамоти  назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии  Агентӣ, директорони муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардорони шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои  Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва дигар масъулини соҳа ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои машваратии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Шӯрои машваратӣ масъалаи  ҷамъбасти фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали  соли 2019 ва муайян намудани вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2019 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Яке аз самтҳои муҳими соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ин хизматрасониҳои ройгони  иҷтимоӣ мебошад, ки он ба шаҳрвандоне расонида мешаванд, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта, аз ҳама бештар осебпазиранд ва ба дастгирию роҳбаладии  иҷтимоӣ  эҳтиёҷманд мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар миқёси ҷумҳурӣ 41 адад шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд, ки 783 кормандон давоми 6 моҳ ба 4291 нафар пиронсолону маъюбон ва 795 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд, дар маҷмӯъ ба 5086 нафар хизматҳои  иҷтимоӣ- маишӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ, маслиҳатӣ, намояндагӣ ва роҳбаладӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107 нафар зиёд мебошад.

Ҷиҳати ҳарчи бештар расонидани хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолони яккаву танҳо, маъюбон, кӯдакони имконияташон маҳдуд, одамони ғайри қобили меҳнат, бе ҷойи зисти  муайян  ва  шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 6 адад марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ  фаъолият доранд, ки ҷамъ 227 нафар кормандони маъмурию иҷтимоии ин муассисаҳо давоми  6 моҳ ба 978 нафар пиронсолону маъюбон ва 69 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд хизматҳои иҷтимоӣ-маишӣ, иҷтимоӣ-тиббӣ, маърифативу фарҳангӣ, миёнаравӣ-намояндагӣ  ва ҳуқуқӣ, ки бо ҳам алоқаманданд, расониданд. Ҳоло дар марказҳои минтақавӣ 83 нафар эҳтиёҷмандон муваққатан умр ба сар мебаранд. Дар назди қисме аз ин марказҳо бахшҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона амал карда истодааст, ки  ба 735 нафар  эҳтиёҷмандон бевосита дар хонаҳояшон хизмати иҷтимоӣ  мерасонанд.  Дар ин росто бояд зикр намуд, ки аз тарафи марказҳои минтақавӣ ба 290 нафар  истифодабарандагони хизмат, ки ба хӯрок эҳтиёҷ доранд, аз 1 то 3 маротиба дар як рӯз ғизои гарм дода мешавад.

Мавриди зикр аст, ки бахшида ба  “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудани солҳои 2019-2021 дар тамоми муассисаҳои зертобеъи Агентии мазкур “Гӯшаҳои ҳунарҳои мардумӣ” ташкил карда шуда, дар марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбони яккаву танҳои шаҳри Душанбе, ноҳияи Деваштич ва шаҳри Истаравшани вилояти Суғд истифодабарандагони хизматҳо ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб карда шудаанд, ки имрӯз маҳсули дастони худро доранд.

Барои  беҳтар намудани  сатҳу сифат  ва  камхарҷ гардонидани хизматрасониҳои  иҷтимоӣ  тибқи шартнома бо Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 40  адад марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ  фаъолият доранд, ки  аз тарафи  ташкилотҳои ҷамъиятӣ  таъсис дода шудаанд.

Аз ҷумла, 25 адад марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд фаъолият доранд, ки дар давраи ҳисоботӣ  397 нафар кормандони иҷтимоӣ ва мутахассисони  ин марказҳо ба 1987 нафар кӯдакони эҳтиёҷманд хизматрасониҳои иҷтимоии маишӣ, тиббӣ,  равонӣ, педагогӣ ва ҳуқуқӣ расониданд.

Дар марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ба кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, ки кӯдаконро бо модаронашон ба тавонбахшии 21-рӯза қабул менамоянд, се вақт хӯрок дода мешавад.

Мавриди зикр аст, ки дар марказҳои болозикр давоми 6 моҳ ба 60 нафар наврасони имконияташон маҳдуд касбҳои дӯзандагӣ ва кор бо компютер  таълим дода шуд, ки онҳо айни замон ба фаъолият машғуланд.

Инчунин дар Агентӣ 10 адад марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта  фаъолият намуда, 154 нафар кормандон ба 357 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд ва ба 149 нафар шахсони дар ҳолати душворӣ зиндагӣ қарор дошта хизмати иҷтимоӣ  расониданд.

Омӯзиш ва таҳлили фаъолияти  марказҳо нишон дод, ки тарзу усули корбарии дар онҳо натиҷабахш буда, аксарияти кӯдакон ба пешрафти зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва равонӣ ноил гардида истодаанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки  дар  қисме аз ин марказҳо гурҳҳҳои мобилӣ таъсис дода шуда, ба  кудаконе, ки дар деҳаҳои дурдаст истиқомат доранд, хизмат мерасонанд.

Инчунин, дар робита ба  дигар масъалаҳои дар ҷаласа баррасишуда ба роҳбарони муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардорони шӯъбаҳои вилоятии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мудирон ва мутахассисон оид ба кӯмаки унвонии иҷтимоии бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ҷиҳати аз байн бурдани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои қатъи дода шуда, вазифаҳои соҳа то охири соли 2019 муайян карда шуданд.

Дар маҷмӯъ дар ҷаласаи мазкур фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давраи ҳисоботӣ  қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки 18 октябри соли ҷорӣ дар Кохи “Наврӯз”-и шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон доир мегардад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 646
  • 1,242
  • 949,666