Аз гармӣ чӣ хел худро эҳтиёт кунем?

Аз гармӣ чӣ хел худро эҳтиёт кунем?
Июл 22
14:56 2019

Тобистон фасли фаровонҳосилӣ, айёми сайру саёҳат ва фароғат аст. Аммо дар баробари пурфайзу неъмат  буданаш тобистон бо андаке беэҳтиётӣ метавонад ба саломатии инсонҳо хатар эҷод кунад. Масалан, дурудароз истодан дар зери шӯълаи  сӯзони офтоб боиси офтобзанӣ, сӯхтани пӯст, дарди сар, дилбеҳузурӣ ва дигар ноҷӯриҳо мегардад.

– Гармшавии аз меъёр зиёди ҳаво махсусан  барои гирифторони бемориҳои диабети қанд ва системаи дилу рагҳо баъзе мушкилиҳоро пеш меорад,- мегӯяд духтури кардиологи Маркази саломатии №15 шаҳри Душанбе Шакархӯҷа Зулфиқоров- Чунки аз гармии зиёд бадан бештар арақ намуда, обро бухор мекунад. Бинобар ин  консентратсияи қанди хун баланд мешавад. Аксар  мубталоёни бемории  диабети қанд дар  як вақт ба дигар бемориҳои музмин, аз қабили фишорбаландии шараёнӣ, бемории ишемиявии дил, норасоии музмини дил ва гурдаҳо гирифторанд. Аз ин рӯ, зимни гармии зиёд агар яке аз ин бемориҳо хурӯҷ кунад, метавонад боиси авҷгирии бемориҳои дигар шавад.

– Дар сурати баланд шудани ҳарорати ҳаво гирифторони бемориҳои дилу рагҳо чӣ кор кунанд? – пурсидем аз Ш. Зулфиқоров.

– Пеш аз ҳама кӯшиш бояд кард, ки дар соатҳои баланд будани ҳарорати ҳаво ба берун  набароянд, – гуфт номбурда. – Бештари вақтро дар дохили бино ва ё зери сояи дарахтону ҷойҳои салқин гузаронанд. Обро на якбора ба миқдори зиёд, балки кам- кам вале бардавом бинӯшанд. Ба ҷои ғизоҳои серравған, хӯрокҳои сабуки сабзавотӣ, чакаю ҷурғот, помидор, райҳон ва дигар кабудиҳо истеъмол намоянд. Компоти на он қадар ширин, чолоби бенамак ё камнамак низ дар баробари чойи сабз ташнагиро хуб мешикананд. Ғизоро камнамак бояд  пухт. Зеро истеъмоли намаки барзиёд боиси баландшавии фишори хун мегардад.

Мудири  бахши котиботи  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб Обидҷон Аминзода зикр намуд, ки дар фасли тобистон аз беэҳтиётӣ ҳодисаҳои дарунравӣ миёни кӯдакону наврасон бештар рӯй медиҳад. Чунки дар натиҷаи ҳарорати баланди ҳаво кӯдакон бепарвоёна оби ноҷӯшонида, меваю сабзавоти ношӯста, яхмосу нӯшобаҳои пастсифат ва ғайраро истеъмол мекунанд. Бинобар ин волидайнро зарур аст, ки дар баробари истеъмол накардани оби ноҷӯшонида, инчунин ба кӯдакон шароити мусоид фароҳам оранд.

Масалан, дар зарфи болопӯшидае оби ҷӯшондашуда, компот, чолоб ва ё чойи хунукро нигоҳ доранд, то ки кӯдакон зимни эҳсоси ташнагӣ онҳоро истеъмол кунанд, чунки аз яхдон якбора гирифта нӯшидани нӯшобаҳои хунук метавонад боиси авҷгирии дарди дандону гулӯ ва узвҳои нафаскашӣ гардад.

– Дар айни баландшавии гармии ҳаво ба кӯдакон оббозӣ кардан дар ҷӯю дарёҳо тавсия дода намешавад, – мегӯяд Обидҷон Аминзода. – Зеро вақте кӯдакон аз об баромада дар офтоби тасфон дароз  мекашанд, пӯсташон сӯхта, осеб мебинад. Инчунин кӯдакон аз беэҳтиётӣ оби ҷӯю дарёҳоро менӯшанду гирифтори дарунравӣ мешаванд.

Дар фасли тобистон ҳолати аз  истеъмоли маҳсулоти ғизоӣ заҳролуд гардидан зиёд дучор мешавад. Чунки дар рӯзҳои гарми ин фасл барои афзоишёбӣ ва паҳн гардидани микроорганизмҳои зараровар шароити мусоид фароҳам меояд. Дар натиҷа кас бемадорӣ, дилбеҳузуршавӣ ва нороҳатӣ эҳсос мекунад. Яке аз сабабҳои заҳролудшавӣ ин истеъмоли ғизои муддати истифодабарияш гузашта ва ба туршшавӣ оғознамуда мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ  эҳтимоли аз маҳсулоти ҳасибӣ, тухм, каллапочаи яхнӣ (холодетс), гӯшт ва моҳии консервшуда, шӯрбоҳо, шир ва маҳсулоти ширӣ заҳролудшавӣ зиёд аст.

Ҳарорати баланд (38- 39 дараҷа), гум шудани иштиҳо, беҳолӣ, табларза, дилбеҳузурӣ, печиши шикам, дарунравӣ, қайкунӣ, дар забон пайдо шудани қабати сафедчатобу хокистарранг нишонаҳои заҳролудшавианд. Аз ин рӯ, бо мушоҳида кардани ин нишонаҳо фавран беморро ба шифохона бурда, бистарӣ намудан лозим аст.

Барои касоне, ки дар саҳро кор мекунанд, аз соати 5- и субҳи то соатҳои  8 – 9 -и рӯз кор кардан  кифоя аст. Сипас баъди нисфирӯзӣ аз соати 17 то 20 метавонанд корро идома диҳанд.

Истифода аз нӯшобаҳои газдори ширин, махсусан энергетикҳо ташнагиро нашикаста, баръакс талабот ба обнӯширо зиёд мегардонанд. Зеро миқдори қанд дар онҳо зиёд аст. Миқдори истеъмоли об ва дигар моеот дар як шабонарӯз бояд аз 3 литр зиёд набошад. Якбора нӯшидани оби зиёд кори гурдаҳоро душвор мегардонад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 710
  • 1,242
  • 949,730