Ба истифода додани шӯъбаи эҳёгарии Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт пас аз таъмири асосӣ

Ба истифода додани шӯъбаи эҳёгарии Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт пас аз таъмири асосӣ
Ноябр 02
12:28 2021

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт баъд аз таъмири асосӣ шӯъбаи эҳёгарии Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт бо иштироки раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Р. Н. ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ба истифода дода шуд.

Аснои ба истифода додани шӯъбаи мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, аз ҷумла иброз дошт, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо дастгириии Роҳбарияти олии мамлакат соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Рашт низ рушду пешрафт намуда, ба дастовардҳои муҳиму назаррас ноил гардид.

Аз ҷумла қайд гардид, ки дар ин давра дар ноҳияи Рашт як қатор иншоотҳои тандурустӣ сохтаву бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардида, ба истифода дода шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки бо ба истифода додани шӯъбаи мазкур хизматрасонии тиббӣ дар Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт боз ҳам беҳтар хоҳад гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 85
  • 989
  • 887,439