Имрӯз, 29 июли соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед бо ноиби президенти Институти стратегияи “Як камарбанд як роҳ”-и Донишгоҳи Чинхуаи Чин Хуанг Деҳаи мулоқот намуд.
Вохурии мазкур дар доираи лоиҳаи “Тадқиқоти ҳамкориҳои байналмилалӣ барои коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ” ва тибқи супориши Маркази байналмилалӣ оид ба коҳиши сатҳи камбизоатии кишвари Чин баргузор гардид.
Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш аз ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту бародар-Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ёдовар шуда, аз ҷумла иброз намуд, ки дар ин самт талош ва кӯшишҳои роҳбарони ду кишвар Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷаноби Си Ҷинпин хеле назаррас мебошад.
Дар идома ӯ иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои вобаста ба камбизоатӣ диққати махсус зоҳир намуда, дар ин самт якчанд санадҳоро қабул намудааст. Ӯ иброз намуд, ки хушбахтона сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон маҳз дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ паст карда шуда истодааст.
Ноиби президенти Институти стратегияи “Як камарбанд як роҳ”-и Донишгоҳи Чинхуаи Чин Хуанг Деҳаи зимни суханронии хеш иброз намуд, ки ҳадаф ва мақсади ташрифи онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳӣ ёфтан аз вазъи камбизоатӣ дар кишвар мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар кишвари Чин Маркази байналмилалӣ оид ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ фаъолият менамояд, ки мақсади он паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Ҷонибҳо вобаста ба паҳлуҳои гуногуни масъалаи мазкур мубодилаи афкор намуда, барои ҳамкорӣ ҳавасмандии хешро иброз намуданд.