Ба кӯдакони маъюб амалиётҳои гуногуни ҷарроҳӣ гузаронида шуд

Август 05
11:19 2019

Дар нимсолаи аввали соли равон бо мақсади пешгирӣ намудани маъюбшавӣ дар байни кӯдакон аз бемориҳои нуқсонҳои модарзодии дил дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 23 нафар кӯдак аз ташхиси “Ангиокардиография” гузаронида, табобати онҳо муайян карда шуд. Инчунин, дар ин давра ба 62  нафар кӯдак амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуд.

Ғайр аз он, аз ҳисоби Фонди хайриявии “Тоҷикистон” дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” 142 нафар кӯдакон аз муоинаи мутахассисони  хориҷӣ  гузаронида шудаанд. Аз 142 нафар ҳамагӣ 100 нафар барои ҷарроҳӣ  интихоб намуданд. Аз онҳо ба 41 нафар амалиёти кушода ва ба 61 нафар амалиёти пӯшида гузаронида шуд.

Дар Маркази дилу шараёни вилояти Суғд бошад, дар шаш моҳи соли 2019 10 нафар кӯдак аз ташхиси “Ангиокардиография” гузашта, табобати онҳо муайян гардид. Инчунин, дар маркази мазкур  ба 38 нафар кӯдак амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуд.

Инчунин, бо мақсади барқарорсозии саломатии кӯдакони маъюб дар шаш моҳи соли 2019 ба 21 нафар кӯдакони гирифтори бемории фалаҷи кӯдаконаи  мағзи сар, ба 18  нафар кӯдакони гирифтори бемории чурраи ҳароммағз ва ба 6 нафар кӯдаки гирифтори бемории “Гидросефалия” амалиётҳои ҷарроҳӣ гузаронида шуд.

Дар шӯъбаи кӯдаконаи ҷоғу рӯйи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии “Шифобахш” дар соли ҷорӣ зиёда аз 190 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуд, аз он ҷумла ба кӯдакони гирифтори бемориҳои нуқсони модарзодии ҷоғу рӯй ба таври ройгон ва усули технологияи муосир ба 49 нафар кӯдак амалиёти ҷарроҳии тармими лаби боло, ба 116 нафар корректсияи коми сахт ва мулоим ва ба 4 нафар бартарафкунии деформатсияи нӯг ва қаноти бинӣ гузаронида шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 995
  • 1,242
  • 950,015