Даҳаи кӯмак ва дастгирии ғизодиҳӣ бо шири модар дар шаҳри Ҳисор қайд гардид (АКС)

Даҳаи кӯмак ва дастгирии ғизодиҳӣ бо шири модар дар шаҳри Ҳисор қайд гардид (АКС)
Август 07
12:24 2019

Имрӯз, 7 августи соли равон   дар доираи нақша-чорабиниҳои Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба Даҳаи кӯмак ва дастгирии ғизодиҳӣ бо шири модар дар шаҳри Ҳисор чорабинии маърифатӣ баргузор гардид.

Қабл аз оғози чорабинӣ бо иштироки муовини раиси шаҳри Ҳисор Умеда Абдуллозода, Сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Набиев, мудирони таваллудхонаҳо ва кормандони марбутаи  соҳаи шаҳр мизи мудаввар доир гардид.

Умеда Абдуллозода, муовини раиси шаҳри Ҳисор мизи  мудавварро ҳусни оғоз бахшида, оид ба зарурияти баргузории Даҳаи кӯмак ва дастгирии ғизодиҳӣ бо шири модар мухтасар ибрози назар намуд.

Зоир Набиев,  Сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба манфиатҳои шири модар ба кӯдак, инчунин зарари шири сунъӣ ба саломатии кӯдак суханронӣ  кард.

Ӯ аз ҷумла иброз намуд, ки  дар шаш моҳи аввал вақте, ки кӯдак таҳти хатар қарор дорад, додани танҳо шири модар кӯдакро аз дарунравӣ ва дигар сироятҳои умумӣ ҳимоя мекунад. Кӯдаконе, ки танҳо шири модар мехуранд, 2,5 маротиба камтар ба бемориҳо дучор мешаванд ва 25 маротиба камтар  бо сабаби дарунравӣ дар шаш моҳи аввали ҳаёташон дар муқоиса ба кӯдакони истеъмолкунандаи дигар намуд ширҳои сунъӣ мефавтанд.

Таъкид гардид, ки барои ҳимоя намудани кӯдак аз  ҳар гуна бемориҳо ба ӯ дар шаш моҳи аввали ҳаёт танҳо ва танҳо шири  модар бояд дод.

Пас аз мизи мудаввар дар назди Қалъаи Ҳисор  бо иштироки меҳмонон, оилаҳои намунавӣ, мутахассисони соҳа ва аҳли фарҳанги шаҳри Ҳисор чорабинии маърифатӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур Умеда Абдуллозода, муовини раиси шаҳри Ҳисор ва Зоир Набиев,  Сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   баромад намуда, ба ҳозирин доир ба мақсад ва ҳадафи баргузории Даҳаи кӯмак ва дастгирии ғизодиҳӣ бо шири модар суханронӣ намуданд.

Чорабинӣ бо бахшҳои гуногун ҷараён гирифта, дар рафти он мутахассисон вобаста ба масъалаҳои синамаконӣ ва манфиатҳои шири модар ба кӯдак ба ҳозирин маълумот доданд.

Барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри мазкур чорабиниро боз ҳам ҷолиб ва тамошобоб гардонид.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 680
  • 1,242
  • 949,700