Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ: беморхонаи марказӣ симои нав гирифт

Август 29
08:13 2019

Беморхонаи марказӣ ва шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати беҳтар намудани вазъи солимии аҳолӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолию мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар соли 2019 як қатор  тадбирҳои судмандро амалӣ намуданд.

Бино ба гуфтаи Мирзо Абдураҳимов, сардори шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия (КАТС), феълан дар тобеияти КАТС-и ноҳия 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 7 маркази саломатии деҳот ва 52 бунгоҳи тиббӣ мавҷуд буда, ба 171407 нафар хизмати босифати тиббӣ мерасонанд. КАТС фарогири 636 нафар корманди соҳаи тиб аст, ки дараҷанокии касбиашон 85 дарсадро ташкил медиҳад.

Маркази саломатии ноҳия аз соли 1989 ба фаъолият оғоз намуда, айни ҳол дар як баст ба қабули 500 нафар бемор омода аст. Ин ҷо табобати ҳама намуди бемориҳо ба роҳ монда шудааст. Аз ҳуҷраи ҷарроҳӣ то шӯъбаи ташхису УЗИ ва ташхиси рентгенӣ ҳама бо табибони соҳибтаҷриба дар хизмати мардум мебошанд. Қобили зикр аст, ки тайи ду соли охир сатҳи мубталои бемориҳои сироятӣ муътадил шуда, дар ин муддат ягон ҳодисаи гирифторӣ ба бемориҳои домана, малерия, гепатити А ва В, батулизм, бруселлёз, таби хунин ва фалаҷи канора ба қайд гирифта нашудааст. Сатҳи мубталои бемориҳои сил, шадиди меъдаву рӯда ва роҳи нафас дар шашмоҳаи солҳои 2018 – 2019 мутаносибан 11- 14, 56 – 74 ва 8 – 17 ҳолатро ташкил медиҳанд.

Инчунин, дар ноҳияи мазкур маркази тибби оилавӣ амал мекунад, ки 8 нафар табибони соҳибтаҷриба ва 21 ҳамшира ба мардум хизмат мекунанд.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани базаи моддӣ – техникӣ, таъмини муассисаҳои тиббии ноҳия бо мутахассисон, баланд бардоштани савияи дониши кормандон, гузарондани корҳои профилактикӣ  фаъолияти босубот роҳандозӣ гаштааст. Зеро, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ин беҳтар гардондани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 729
  • 1,242
  • 949,749