Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Август 31
10:49 2019

Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Беларусро бо рӯйдоди хотирмон — ҷашни 65-солагии зодрӯзаш самимона табрику муборакбодӣ карда, ба ӯ сиҳатмандии бардавому дар фаъолияти давлатиаш комёбиҳои навин бар нафъи мардуми дӯсти Беларус орзу намуданд.

Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошҳои пайваставу бунёдкоронаи Александр Лукашенкоро дар ҷодаи густариши ҳамаи ҷанбаҳои муносиботи дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Беларус махсус таъкид карданд.

Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати пешбурди минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои миёни ду кишвар дар чорчӯбаи шарикии стратегӣ,  аз ҷумла тавассути татбиқи ҳадафмандонаи тавофуқоти дар ҷараёни сафари расмии начандон деринаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Беларус бадастомада, иброз доштанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 1,063
  • 1,242
  • 950,083