АНОНС: ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ баргузор мегардад

АНОНС: ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ баргузор мегардад
Октябр 02
09:00 2019

Пагоҳ, 3 октябри соли равон соати 14: 00 дар Муассисаи давлатии “Душанбе Плаза” ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ баргузор мегардад.

Ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода баргузор мешавад. Меҳмони расмӣ дар ин чорабинӣ  муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаноби Олжас Абишев хоҳад буд, ки дар ин вазифа ҳамчун Роҳбари Трансформатсияи рақамӣ (CDO) амал мекунад.

Маврид ба ёдоварист, ки идораи рақамисозии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти роҳбарии ӯ соли 2018 ҳамчун беҳтарин идораи рақамӣ эътироф карда шуд. Солҳои охир таҳти роҳбарии  Олжас Абишев кишвари Қазоқистон 100% татбиқи системаҳои иттилоотии тиббиро таъмин намуд ва ҷараёни гузариш ба идоракунии боэътимоди маълумотҳои тиббӣ оғоз ёфт.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Харитаи роҳ” -ро барои татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба такмил додани системаи иттилоотии идоракунии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 ва барои татбиқи аввали он, инчунин рушди трансформатсияи рақамии соҳаи тандурустӣ таҳия кардааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2018 бо ҶДММ «Сифат Иннотех Инвест» оид ба рушди ҳукумати электронӣ, табдилдиҳии рақамӣ ва телемедицина созишнома ба имзо расонид ва ҳамкорӣ тибқи модели шарикии давлат ва бахши хусусӣ рушд меёбад. Моҳи августи соли 2019 ҶДММ «Сифат Иннотех Инвест» бо Маркази ҷумҳуриявии саломатии электронии Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошти тафоҳумро ба имзо расонид ва дар якҷоягӣ бо вазорати ин кишвар ташкил ва дастгирии Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравиро оғоз кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 1,066
  • 1,242
  • 950,086