Ташрифи меҳмонон аз Институти рушди саноати тандурустии Корея

Ташрифи меҳмонон аз Институти рушди саноати тандурустии Корея
Октябр 25
13:37 2019

21 октябри соли равон ҳайати меҳмонон иборат аз шаш нафар аз Институти рушди саноати тандурустии Корея бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобиланд судманд ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ташриф оварданд.

Ҳайати меҳмононро ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  доктори илмҳои тиб профессор Маҳмадшоҳ Гулзода ба ҳузур пазируфт. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти ҷорӣ намудани технологияи навини тиббӣ, баланд бардоштани потенсиали ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ, таҳия ва татбиқи барномаи таълимӣ дар соҳаи фарматсия, инчунин, самтҳои имконпазири ҳамкорӣ барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи тиб, иштирок дар барномаҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармояҳои молиявӣ, имконияти гузаронидани таҳқиқоти муштарак бо мақсади ташкили ҳамкориҳои устувор дар соҳаи тандурустӣ, муайян кардани афзалиятҳо барои татбиқи лоиҳаҳои тиҷоратӣ, имкони фаъолгардонии барномаҳои таҷрибаомӯзӣ бо мақсади табодули дониш ва ғайра муҳокима карданд.

Пас аз вохӯрӣ меҳмонон аз Маркази илмӣ-истеҳсолии «Фарматсия»- и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дидан намуда, аз фаъолияти он ошноӣ пайдо намуданд.

Қобили зикр аст, ки Институти рушди саноати тандурустии Корея (KHIDI) муассисаи давлатиест, ки ба Вазорати тандурустӣ ва некуаҳволии  ин кишвар ҳисобот медиҳад. Самти асосии фаъолияти институти мазкур омӯзиши ташкил ва рушди саноати тиббӣ ва дар маҷмӯъ системаи тандурустӣ, таҳияи сиёсатҳои тандурустӣ ва мусоидат дар татбиқи он мебошад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 963
  • 1,242
  • 949,983